Дархости Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ

Иттиҳодияи Аврупо аз  Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки масъалаи марзро ҳарчи зудтар ҳал кунанд.

Иттиҳоди Аврупо аз  Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки масъалаи марзро ҳарчи зудтар ҳал кунанд.

Ҳайати воломақоми Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Душанбе баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст.

Дар ин бора Ҷозеф Боррел, раиси дипломатияи аврупоӣ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар додааст.

Тавре Интерфакс хабар медиҳад Боррел гуфтааст: “Мо масъалаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардем. Табиист, ки дар рафти баррасии муносибатҳои ду кишвар, масъалаи муайянкунӣ ва аломатгузории марзҳо дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд”.

Боррел бо таъкид гуфтааст, «мо мехоҳем, ки ду кишвар ҳарчӣ зудтар роҳи ҳалли муассири ин масъаларо пайдо кунанд.»

Гуфтанист, Ҷозеф Боррел бо як сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе омад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад