Боздошт беш аз 40 нафар аз муътаризон ба давлати Туркия дар Истанбул

Полиси Истанбул бо истифода аз қувваи қаҳрия алайҳи муътаризон ба сиёсатҳои иқтисодии давлати "Раҷаб Тайиб Ардуғон", беш аз 40 нафарро боздошт кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҳоле ки давлати Туркия ҳануз посухи мушаххасе дар бораи далели суқути пайвастаи арзиши пули ин кишвар ва роҳкорҳояш барои муқобила бо он ба мардуми худ ироа надода, аммо нерӯҳои амниятии Туркия машғули боздошти тазоҳуроткунандагон алайҳи гаронӣ ва таваррум дар ин кишвар ҳастанд.

Расонаҳои Туркия  шомгоҳи чаҳоршанбе гузориш доданд, ки полиси Истанбул бо истифода аз қувваи қаҳрия алайҳи муътаризон ба сиёсатҳои иқтисодии давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон, беш аз 40 нафарро боздошт кард.

Ба навиштаи вебгоҳи шабакаи “Рия Новости”, ба нақл аз расонаҳои Туркия,  дар минтақаи Кадикойи Истанбул, полис алайҳи тазоҳуркунандагон, ки бо сардодани шиорҳое хостори истеъфои давлат буданд, аз мошинҳои обпош истифода кард.

Нерӯҳои амниятии Туркия ҳамчунин майдонеро дар Истанбул, ки дар он таҷаммуъи эътирозӣ барнома резӣ шуда буд масдуд карда ва аз тазоҳуркунандагон хост, ки мутафарриқ шаванд ва аз мамнуъияти як моҳаи тазоҳурот дар ин шаҳр хабар доданд.

Пеш аз ин низ ҳазорон нафар аз коргарон дар устони Азмир дар эътироз ба гаронӣ ва таварруми шадид дар Туркия ба хиёбонҳо омада ва хостори таъодул байни ҳуқуқ ва молиёт шуданд.

Ин тазоҳуротҳо баъд аз он рух дода аст, ки арзиши воҳиди миллии пули Туркия (Лир) дар баробари доллар, дар пайи танишзоӣ ахири давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико, дар сарошебии суқут қарор гирифта ва бар асоси гузоришҳо рӯзи чаҳоршанбе ба сатҳи 11.92 Лир дар баробари 1 доллар расид.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад