Ҳамкории Англис бо Покистон барои мубориза бо тероризм дар Афғонистон

Намояндаи Англис дар умури Афғонистон ва Покистон гуфт, ки кишвараш барои ҷилавгирӣ аз густариши тероризм дар Афғонистон бо Исломобод ҳамкорӣ мекунад.

 

 

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, “Никки Каси”, намояндаи Англис дар умури Афғонистон ва Покистон гуфт, ки Лондон бо Покистон аз барои ҷилавгирии густариши тероризм аз Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Бар асоси эъломи сафорати Англис дар Исломобод, Англис дар расондани кӯмакҳои инсонӣ ба афғонҳо ва арсаҳои дигар аз ҷумла ҷилавгирӣ аз рушди тероризм дар Афғонистон бо Покистон ҳамкорӣ мекунад.

“Никки Каси”, гуфт ки кишвараш баъд аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аз ҳеҷ талоше барои тақвияти сабот ва оромӣ дар ин кишвар дареғ нахоҳад кард.

Намояндаи Англис, ки барои сафари 3 рӯза дар Исломобод аст, рӯзи гузашта дар бораи вазъияти инсонӣ дар Афғонистон бо мақомоти кишварӣ ва низомии Покистон гуфтугӯ кард.

Аз сӯи дигар рӯзномаи “Independent”, дар шумораи ахири худ навишт, ки ниёз аст Англис ва ғарб дар муқоиса бо ҳар замоне, кӯмакҳо ба Афғонистонро афзоиш диҳанд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Independent”, вазъияти Афғонистон бисёр буғранҷ буда ва токунн ҳануз ҳеҷ нишонае барои ҳалли буҳрони муҳоҷират дида намешавад.

Рӯзномаи “Independent” афзуд, ки ҷанг шояд дар Афғонистон поён ёфта бошад, аммо вазъияти инсонӣ ба сӯи бадтар шудан дар ҳаракат аст.

Ҳамчунин кумитаи Салиби Сурхи Англис низ ҳушдор дод, Афғонистон бо буҳроне рӯ ба рӯ шуда аст, ки зиндагиро барои мардумаш таҳаммулнопазир сохта аст.

Ин кумита ҳамчунин афзӯда аст, ки  на танҳо Афғонистон балки кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳуии Исломии Эрон ва Покистон бо вуруди сайл осои паноҳҷӯёни афғонӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад