Қабули буҷети соли 2022 бо афзоиши 5 миллиард сомонӣ

Вакилони порлумон Тоҷикистон қонуни буҷаи соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-24-ро, ки Вазорати молияи кишвар тартиб додааст, бидуни баҳс пазируфтанд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон қонуни буҷети соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-24-ро, ки Вазорати молияи кишвар тартиб додааст, бидуни баҳс пазируфтанд.

Ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022-ро 33 миллиард сомонӣ ё 2 миллиард 920 млн доллар муқаррар шудааст.

Вазири молия Файзиддин Қаҳорзода дар порлумон тарҳи буҷети соли 2022-ро муаррифӣ мекард гуфт ҳаҷми даромади буҷет 33 млрд сомонӣ ва қисми хароҷоти он 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Қаҳҳорзода гуфт бояд 21,9 млрд сомонии буҷаи соли оянда бояд аз ҳисоби воридоти андозиву ғайриандозӣ ҷамъ шавад.

Ҳамчунин ба гуфтаи вазир дар бахши даромади буҷа, маблағҳои махсуси ташкилоти муассисаҳои буҷавӣ 2,5 млрд сомонӣ, воридот аз ҳисоби азхудкунии лоиҳаҳои молиявии давлатии сармоягузорӣ 7,9 миллиард сомонӣ  ва инчунин ҷалби грантҳо барои пуштибонии буҷа 665 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қаҳҳорзода гуфт: “Маҷмуан ҳаҷмии умумии даромади буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо буҷаи тасдиқшудаи соли 2021 ба маблағи 5,3 млрд сомонӣ ё 19,4% зиёд мебошад”.

Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар буҷаи соли 2022 баробар ба 9 млрд 792 миллион сомонӣ муқарра шудааст, ки 829 млн сомонӣ аз соли 2021 зиёдтар мебошад.

Маблағгузории бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ҳаҷми 23,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 6,5 млрд сомонӣ (27,7% хаароҷоти умумии буҷа) масраф мешавад.

Дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8% буҷаро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад