Маҳдудияти нав дар зиндонҳои Тоҷикистон

Бо қарори нави раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, аз ин ба баъд маҳбусон дар 10 рӯз 1 маротиба ҳақ доранд бо наздиконашон суҳбати телефонӣ анҷом диҳанд.

Бо қарори нави раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, аз ин ба баъд маҳбусон дар 10 рӯз 1 маротиба ҳақ доранд бо наздиконашон суҳбати телефонӣ анҷом диҳанд.

Ҳуқуқшиносон ин қарори раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро маҳдуд кардани муоширати одамон медонанд, ки амалӣ ғайриқонунист.

Кормандони зиндонҳои Тоҷикиятон мегӯянд, ки дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон маъмурони он маҳбусонро ҷамъ намуда, ба онҳо гуфтаанд, ки аз ин ба баъд танҳо дар 10 рӯз як маротиба ҳақ доранд, ки бо хонаводаҳояшон суҳбати телефонӣ анҷом диҳанд.

Ин тасмими раёсати зиндонҳои кишвар пас аз расонаӣ шудани амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои кормандони маҳбас гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки то имрӯз маҳбусон ҳақ доштанд бо хонаводаҳои худ дар як ҳафта чанд маротиба телефонӣ суҳбат дошта бошанд.

Ба назари ҳукуқшиносон тибқи қонуну қарорҳои маҳбас, маҳбус ҳаққи муошират бо наздиконашро дорад ва ин қарори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол намудани ҳуқуқи маҳбус аст. Ва прокуроре, ки масъули тафтиши зиндонҳост, бояд нисбати кормандони сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол намудани ҳуқуқи маҳбус аст. Ва прокуроре, ки масъули тафтиши зиндонҳост, бояд нисбати кормандони СРИҶҶ, барои поймол на, барои поймол намудани ҳуқуқи маҳбусон парванда боз намуда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад.

Ин қарор баъд аз оне гирифта мешавад, ки хабари мавриди муҷозот қарор гирифтан ва ба “Карсер” ҷо намудани Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду узви зиндонии раёсати олии ҲНИТ пас аз навиштани номаи кушод ба Эмомалӣ Раҳмон дар расонаҳо нашр шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин амалкарди мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки хабарҳое, ки пештар аз дохили зиндон бо ҳар роҳе ба расонаҳо роҳ меёфт, ҳақиқат доштаанд ва имрӯз мақомот мехоҳанд пеши роҳи инро бигиранд.

Пештар дар расонаҳо чандин хабар аз вазъияти бади маҳбусон дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон нашр шуд, ки мақомот ҳақиқат доштани онҳоро рад мекарданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад