Таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст!

Раиси шӯрои амнияти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст.

Насрулло Маҳмудзода, раиси шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасти минтақӣ дар Деҳлии Нав сухнаронӣ карда ва изҳор доштааст, ки таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст.

Вай дар суханронии худ гуфт: “вазъият дар марзи Афғонистону Тоҷикистон душвор буда ва таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли афзоиш мебошад.”

Маҳмудзода илова кард: “ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон тағйироти чашмрасеро дар вазъияти низомӣ, сиёсӣ ва геополетикии минтақа ва ҷаҳон эҷод кардааст.”

Вай афзуд: “Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дошта ва ба ин далел Душанбе дар хатти аввали мубориза бо таҳдидҳои террористӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ дар минтақа қарор дорад.”

Дабири шӯрони амнияти кишвар ҳамчунин ба зарурати ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар ин кишвар ёдовар шуд.

Вай гуфт: “Тоҷикистон омодаи ироаи имконоти лоҷестикии худ барои таҳвили ҳаманавъ кумак ба ин кишвар ҳамсоя буда ва метавонад дар ин замина ба созмонҳои байналмилалӣ кумак кунад.”

Маҳмудзода таъкид кард: “айни ҳол таҳти таъсири теъдоде аз омилҳои манфӣ дорои моҳияти низомӣ ва сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Афғонистон бо як фоҷеаи инсонии ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва хатарҳои як буҳрони муҳоҷиратии ҷадид дар ҳоли афзоиш аст.”

Вай зимни таъкид ба афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон илова кард: “бо таваҷҷӯҳ ба камбуди мавди ғизоӣ ва наздик шудан ба фасли зимистон, таъмини ниёзҳои аввалияти мардуми Афғонистон дар дараҷаи аввал қарор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад