Муҳаммад бин Салмон ҷоизаи “иртикоби бадтарин ҷинояти зидди башарӣ”-ро дарёфт кард

Як андешкадаи англисӣ ба таври кинояӣ, ду ҷоизаи "иртикоби бадтарин ҷинояти ҳуқуқи башарӣ" ва "ҷиноят алайҳи кӯдакон"-ро ба "Муҳаммад бин Салмон" дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, андешкдаи “Иклисиё”, (Ekklesia) мустақар дар Лондон ва фаъол дар ҳавзаи ҳуқуқи башар, дар як маросими намодин, ҷоизаи “иртикоби шанеътарин ҷароими ҳуқуқи башарӣ” ва “ҷароими зидди кӯдакон”-ро ба “Муҳаммад бин Салмон”, дод ва вали аҳди Саудиро дар рутбаи аввали ноқизони ҳуқуқи башар донист.

Дар вебсайти итилоъ расонии ин муассиса омада аст, ки дар маросими «душманони сулҳ дар ҷанги Яман», ин ҷоиза барои касоне ки бештарин саҳмро дар тӯлонӣ шудани ҷанг доранд ва монеъи таҳаққуқи сулҳ шуда ва омили куштор ва мусибатҳои мардуми Яман ҳастанд, эъто шуда аст.

Андешкадаи “Иклисиё”, ҳамчунин эълом кард, ки ҳадаф аз эътои ин ҷоизаи намодин, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба идома дор шудани ҷанги Яман ва тарафҳое аст, ки муртакиби ҷинояти шанеъ мешаванд. Ҷанге ки ба ақидаи ин муассиса, як нангеро барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ оварда аст.

Дар ин маросим ҳамчунин “Борис Ҷонсон”, нахуст вазири Англис низ ҷоизаи «барҳам занандагони сулҳ»-ро ба далели идомаи фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ дарёфт кард.

Таҷовузи низомии давлати Арабистони Саудӣ ва Иморот ба Яман вориди ҳафтумин сол худ шуда, ҷанге ки бо муҳосираи комили дарёӣ, ҳавоӣ ва заминӣ ҳамроҳ аст. Муҳосира ва бомбаборони Яман муҷиби ба вуҷӯд омадани бадтарин буҳрони инсонии ҷаҳон дар Яман шуда аст. Даҳҳо ҳазор нафар кушта ва захмӣ ва миллионҳо тан овора шудаанд. Қурбониёне ки бахши қобили таваҷҷӯҳи ононро занон ва кӯдакони бе дифоъ ташкил медиҳад.

Ҷеймс Олдер, сухангӯи сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар моҳи октябр дар нишасти хабарии Созмони Милал дар Женева гуфта буд: «ҷанги Яман ба тозагӣ ба марҳалаи шармовар расида аст. Мо акнун 10 ҳазор кӯдак дорем, ки аз марти 2015 кушта ё маълул шудаанд. Ба иборате ба дасти Муҳаммад бин Салмон, ҳар рӯз чаҳор кӯдак кушта ва ё захмӣ мешаванд.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад