Дидори Э. Раҳмон бо суфарои ҷадиди 10 кишвар

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 ноябр дар Қасри миллат аз 10 сафири нави кишварҳо эътимоднома қабул кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 ноябр дар Қасри миллат аз 10 сафири нави кишварҳо эътимоднома қабул кард.

Тибқи иттилоъи манбаъ ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал — Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимоднома “бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрик гуфта, иброз доштааст, ки “сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеша карда, дар асоси усули “дарҳои кушода” тавонист мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд”.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Раиси вилояти Суғд бо сафири Олмон дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Андреас Протманн, сафири Олмон дар Тоҷикистон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои дӯстона мубодилаи афкор намуданд ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот изҳор доштааст, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар ҳоли қарор доранд ва вилояти Суғд омодаи таҳкими муносибатҳо бо шарикони рушд аст.

Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд илова кардааст, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ амалӣ шуда истодааст ва ин раванд дар оянда низ идома дода хоҳад шуд.

Дар навбати худ сафири Олмон дар Тоҷикистон, барои тавсеаи ҳамкориҳо андешаҳои худро баён доштааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки сафири Олмон дар Тоҷикистон дар доираи сафари худ бо ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) дар корхонаҳои “Ҳабиб 17”- шаҳри Конибодом, “Баракати Исфара ” ва “Исфара фуд” шинос мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад