Боздошти 17 нафар дар Туркия ба далели эътироз ба ҳузури нерӯи дарёӣ Амрико

Ҳафдаҳ нафар аз мардуми Туркия ба далели эътироз ба ҳузури хадамаи нерӯи дарёӣ Амрико дар шаҳри Истанбул, боздошт шуданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дафтари устондории Истанбул эълом кард мақомоти Туркия рӯзи чаҳоршанбеи 17 нафарро ба далели кашидани сарпӯш рӯи сари як хадамаи нерӯи дарёӣ Амрико дар эътироз ба сиёсатҳои ин кишвар дар минтақаи ғарби Осё, боздошт карданд.

Гуруҳе ки ин иқдомро анҷом дод, иттиҳодияи ҷавонони Туркия буданд, ки тасовире аз ин иқдомро дар Твитер ба иштирок гузошт, ки дар он теъдоди зиёде аз сокинони Истанбул шиорҳои зиди Амрикоӣ сар медоданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерс”, ин гуруҳ бо интиқод аз ҳимояти Амрико аз шибҳи низомиёни Курди Сурия (YPG), хитоб ба низомиёни Амрико гуфтанд: «шумо душмани мо ҳастед ва касе наме хоҳад акнун инҷо бошед. Мо иҷоза нахоҳем дод сарбозони Амрико озодона дар сарзаминҳои мо сайру гашт кунанд. Ба хонаҳои худ баргардед мо ниёзе ба шумо надорем!».

Рӯзи душанбе буд, ки киштии фармондиҳии обӣ-хокии “USS Mount Whitney”, бо убӯр аз тангаи Босфор барои пайвастан ба фаъолиятҳои НАТО, дар дарёи Сиёҳ, дар Истанбул паҳлу гирифт. Капитани ин шиновари нерӯи дарёӣ Амрико низ дар он замон гуфта буд, ки хадамаи ӯ муштоқона мунтазири дидор аз Туркия ва тақвияти равобити Вашингтон бо муттаҳидони Туркияӣ худ ҳастанд.

Вашингтон дар декабри соли қабл, таҳримҳоеро алайҳи ожонси тадорукоти низомии Туркия ба далели хариди сомонаи дифои мушакии сохти Русия ба номи “Катса” вазъ кард. “”Исмоил Демир, раиси саноати дифоӣ Туркия ва се мақоми дигар ҳадафи таҳримҳо қарор гирифтанд, ки шомили мамнуъияти кулияи муҷаввизҳои содирот ва муҷаввизҳои содироти Иёлоти Муттаҳида ба Туркия ва ҳамчунин таваққуфи дороиҳо ва маҳдудиятҳои судури раводид барои Исмоил Демир аст.

Пеш аз ин аммо, “Раҷаб Тайиб Ардуғон” раиси ҷумҳури Туркия бо баёни инки ҳамтои Амрикоияш ба ӯ қавл дода, ки ҳар коре битавонад барои фурӯши ҷангандаҳои “F-16” ба ин кишвар анҷом диҳад, гуфт: Вашингтон ва Анкараро дар бораи муборизаи муштарак бо тероризм низ ройзанӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад