Тоҷикистон ҷузи кишварҳои бо вазъи номаълуми COVID-19

Ба ҷуз Қирғизистон, ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна бо шумули Тоҷикистон аз тарафи Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) ба рӯйхати кишварҳое шомил шуданд, ки дар онҳо сатҳи хатари сироятёбӣ ба бемории коронавирус маълум нест.

Ба ҷуз Қирғизистон, ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна бо шумули Тоҷикистон аз тарафи Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) ба рӯйхати кишварҳое шомил шуданд, ки дар онҳо сатҳи хатари сироятёбӣ ба бемории коронавирус маълум нест.

Манбаъ менависад :

Қирғизистон ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки хатари сирояти COVID-19 дар он ҷо камтар аст.

Гуфта мешавад, ки дар сурати ба ин рӯйхат шомил шудани кишварҳо, ба шаҳрвандони ИМА тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба он ҷо худдорӣ намоянд.

Дар иттилоияе, ки Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА нашр кардааст гуфта мешавад, ки :

«Аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунед. Агар шумо маҷбур бошед то вориди ин кишвар гардед, пас бояд пурра ваксина бигиред».

Дар маҷмуъ ба ин феҳрист 39 кишвар ворид шудаанд, ки Камбоҷа, Куриёи Шимолӣ, Яман, Танзания, Тонго, Сурия ва ғайра шомили онанд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон то кунун ба ин иқдоми мақомоти беҳдоштии ИМА посухе надодаанд.

Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар кишвар, пас аз ду моҳи номнавис нашудани гирифторӣ ба COVID-19, танҳо 15-уми октябр ду ҳолати сироятёбӣ сабти ном шудаасту халос.

Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то имрӯз  дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Ҳамҷунин дар хабарҳо омада аст, ки :

Раиси идораи амнияти беҳдоштӣ ва бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар феълан тазриқи ваксина ба кӯдакон барномарезӣ нашудааст.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки бар асоси барномаи ин вазорат дарёфти ваксинаи корона аз сӯи кӯдакон танҳо пас аз тазриқи ин ваксина ба 60 дарсад аз афроди болои 18 соли ҷомеа имконпазир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай то 2 ноябри соли ҷорӣ ба 46,2 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар, ваксинаи корона тазриқ шуд, ки 2 миллиону 700 ҳазор нафарро шомил мешавад.

Аз ин теъдод 2 миллиону 155 ҳазор нафар дозам дуҷуми ваксинаи коронаро тазриқ карданд.

Дар Тоҷикистон ваксинаҳои «Спутник – V», «CoronaVac», «AstraZeneca», «Moderna Pfizer» воридотӣ, тазриқ мешавад.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид – 19 дар кишвар шиносоӣ нашудааст.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад