Режими саҳюнистӣ як масҷидро дар Каронаи Бохтарӣ тахриб кард

Манобеи фаластинӣ гузориш доданд, ки режими саҳюнистӣ як масҷидро, ки умуман бодия нишинон ва кишоварзони фаластинӣ аз он истифода мекарданд, тахриб карда аст.

 

 

Ба гузориши манобеи фаластинӣ, имрӯз (панҷшанбе), гузориш доданд, ки саҳюнистҳои палид, саҳаргоҳи имрӯз як масҷидро дар минтақаи Дума (шимоли Каронаи Бохтарӣ) тахриб кардаанд.

Пойгоҳи хабарии “Араб 48”, ба нақл аз “Ғасон Дағлас”, масъӯли парвандаи шаҳраксозиҳо дар шимоли Каронаи Бохтарӣ хабар дод, ки нерӯҳои режими палиди саҳюнистӣ ногаҳон бо як булдозер вориди минтақаи мазкӯр шуданд ва масҷидеро, ки намозгузорон ба муддати ду сол дар он намоз мехонданд, дар минтақаи “Абу Сайфӣ”, дар шарқи Дума тахриб карданд.

“Ғасон Дағлас”, дар идома изофа кард, ки нерӯҳои режими касифи саҳюнистӣ ҳамчунин дар чанд ҷодаи кишоварзӣ дар бахши ҷануби минтақа иқдом ба хокбардорӣ кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, вазорати авқоф ва умури динии Фаластин иқдоми нерӯҳои ишғолгар дар тахриби масҷиди Абу Сайфиро маҳкум кардаанд ва онро таъаррузи ошкор ба муқаддасот ва амокини дини мусулмонон тавсиф кардаанд.

“Ҳисом Абу Алраб”, намояндаи вазорати авқоф бо ишора ба инки масҷид, девори атроф ва вузӯхонаи масҷид тахриб шуда аст, таъкид кард, ки ин иқдом хориҷ аз чорчуби пратаколҳои байналмилалӣ ва инсонӣ аст.

Ҳисом Абу Алраб, ҳамчунин ишора кард, ки мардуми Фаластин ва ба вижа кӯч нишинён ва кишоварзон дар масҷиди Абу Сайфӣ намоз мехонданд ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ ва созмонҳои зирабт хост, ки ҳар чи сареътар дар баробари коршиканиҳои режими палиди саҳюнистӣ дар тахриби маҳалли ибодат, амокини муқаддас ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти мусулмонон бистанд.

Аз сӯи дигар “Араб 48”, гузориш дод, ки иддае аз шаҳрак нишинёни саҳюнист, ба шаҳрвандони фаластинӣ дар Наблус ва Алхалил таъарруз кардаанд ва дар вопасин соати шаби гузашта дар ҷодаи иртиботии Ҷинин ба Наблус ба самти мошини онҳо санг партоб кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, саҳюнистҳо ҷоддаи иртиботии Ҷинин ба Наблусро аз чаҳорроҳи минтақаи “Силатуззаҳр” то вурудии минтақаи “Барқа”, бастанд.

Ин иқдом боиси вуқуъи даргирӣ миёни шаҳрвандони фаластинӣ ва саҳюнистҳо шуд ва нерӯҳои режими саҳюнистӣ барои муҳофизат аз шаҳрак нишинон ба сӯрати густарда ба минтақа кашонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад