ДИИШ масъӯлияти ҳамла ба бемористони Кобулро ба уҳда гирифт

Гуруҳи террористии "ДИИШ", масъӯлияти ҳамлаи рӯзи сешанбе ба бемористоне дар Кобул пойтахти Афғонистонро ба уҳда гирифт.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, гуруҳи террористии “ДИИШ”, масъӯлияти ҳамлаи террористии рӯзи сешанбе ба як бемористон дар Кобулро ба уҳда гирифт.

Хабаргузории “Ройтерс” дар айни ҳол ва бар асоси эъломи мақомоти мутталеъ аз афзоиши шумори қурбониёни ҳамла ба бемористони “Сардор Муҳаммад Довудхон” ба дасти кам 25 кушта ва 50 захмӣ хабар дод.

Гуруҳи Толибон ва бархе дигар аз манобе эълом карда буданд, ки ин ҳамла бо вуқуъи ду инфиҷор дар вурудии бемористон ва ҳамзамон тирандозии афроди мусаллаҳ сӯрат гирифта аст.

Расонаҳои хориҷӣ, рӯзи сешанбе аз вуқуъи 2 инфиҷор ва тирандозӣ дар минтақаи дипломатики вазир Акбархон Кобулӣ хабар доданд, ки дасти кам 23 кушта ва 50 захмӣ барҷой гузошта аст.

Ба гузориши хабаргузории “Ал Ҷазира”, Кобулӣ рӯзи сешанбе шоҳиди вуқуъи тирандозӣ ва 2 инфиҷор буд. Ин ҳодиса наздики бемористони низомии “Сардор Муҳаммад Довудхон”, дар минтақаи дипломатики вазир Акбархон рух дода аст. Гуфта мешавад яке аз ин инфиҷорҳо дар вурудии бемористон сӯрат гирифта аст.

Банно бар омори аввалия, дасти кам 23 нафар дар ин ҳаводиси амниятӣ кушта ва 50 тан захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “Спутник” низ дар хабаре дар ҳамин робита навишт, ки гуруҳе аз террористҳо пас аз инфиҷор дар қисмати вурудии бемористони мазкӯр, вориди ин бемористон шуда ва бо гуруҳи Толибон даргир шуданд. Банно бар эъломи ин расона, ҳамла ба бемористони Кобулӣ тавассути ДИИШ анҷом шуда аст.

Хабаргузории “Ассошиатед Прес”, низ эълом кард, ки Балол Каримӣ муовини сухангӯи гуруҳи  Толибон ба ин хабаргузорӣ гуфта аст, ки инфиҷор дар Кобул, ғайринизомиёнро дар беруни бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довудхон, ҳадаф қарор дода аст.

Хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз твити Саид Хости, вазири умури дохилии давлати муваққати гуруҳи Толибон навишта аст, ки нерӯҳои амниятӣ дар минтақа мустақар шудаанд.

Хабаргузории расмии Бохтар ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш дода аст, ки теъдоде аз террористҳои ДИИШ вориди бемористон шуда ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад