Байден: ҳаросе аз даргирии мусаллаҳона бо Чин надорем

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ин кишвар ҳаросе аз даргирии мусаллаҳона бо Чинро надорад.

 

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ин кишвар ҳаросе аз даргирии мусаллаҳона бо Чинро надорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе муддаӣ шуд, ки аз даргирии мусаллаҳонаи тасодуфӣ бо Чин ҳаросе надорад.

Вай, ки дар ҳошияи конфаронси обу ҳавоӣ “Глазго”, суҳбат мекард, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, адами ҳузури “Ши Ҷинг Пинг”, раиси ҷумҳури Чин дар ин иҷлос «иштибоҳи бузурге» буд.

Нашрияи Амрикоӣ “Foreign Policy”, низ ахиран дар гузорише навишта буд, ки давлати Амрико ба раёсати Ҷо Байден, омодаи мудирияти даргирии тулони муддат бо Чин мешавад ва тамоюли худ барои эҷоди маҷмӯъаи густардае аз ҳампаймонон барои рақобати роҳбурдӣ бо Чинро махфӣ накарда аст. Аз сӯи дигар қудрати физояндаи Чин майли ин кишвар барои истифода аз ин қудрат боиси падидор шудани рӯйкардҳои манфӣ дар қиболи Пекан шуда аст.

“Ҷон Ҳейтон”, ҷонишини ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки собқан фармондеҳии неруҳои ҳастаӣ Амрикоро ба ӯҳда дошт гуфта аст: «суръате ки Чин пешрафт мекунад хира кунанда аст.»

Ба гуфтаи ин мақоми аршади низомии Амрико, бо ин, ки Русия дар муқоиса бо Чин аз назари зарродхонаи атомӣ таҳдиди роҳбурдии бузургтаре алайҳи Амрико маҳсуб мешавад, Чин ба воситаи манобеи иқтисодӣ ва модернсозӣ артиши худ, таҳдиди бузургтаре барои султаи Амрико аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад