Лавров: Украина қасд дорад Русияро ба ҷанг бикашад

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Украина дар талош аст ба наҳве шибҳи низомиён ва эҳтимолан Русияро даргири ҷанг кунад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе гуфт, Украина қасд дорад бо иқдомоти таҳрикомези худ, оташи ҷангро шуълавар кунад.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, Сергей Лавров, дар мусоҳибае гуфт: «ташдиди таниш комилан машҳӯд аст. Талошҳое барои эҷоди шароити таҳрикомез сӯрат мегирад то ба наҳве шибҳи низомиён ва эҳтимолан Русияро ба як навъе аз истифода аз нерӯи низомӣ даргир кунанд».

“Дмитрий Песков”, сухангӯи давлати Русия ахиран ба таҳвили паҳподҳои «байрақдори» Туркия ба Украина вокуниш нишон дод ва гуфт ин иқдом авоқиби манфӣ ба ҳамроҳ дошта ва ба бе саботии бештар дар вазъияти минтақаӣ мунҷар хоҳад шуд.

Артиши Украина рӯзи сешанбе эълом кард, тавониста партоби мӯшак аз паҳподи байрақдори харидорӣ шуда аз Туркияро бо муваффақият анҷом диҳад ва таҷҳизоти тупхонаӣ душманро нобуд кунад.

Ин озмоиш дар минтақаи таҳти мунозиъаи “Донбас” анҷом шуда аст, ки дар он истиқлолиталабони таҳти ҳимояти Русия ва нерӯҳои артиши Украина даргириҳои парокандае доранд.

Чанде пеш “Владимир Зеленскӣ”, раиси ҷумҳури Украина ба суоле дар бораи эҳтимоли вуқуъи ҷанги тамом аёр миёни Украина ва Русия посух дод ва гуфт: «фикр мекунам муҳтамил бошад». Ӯ бо ин ҳол вуқуъи чунин ҷангеро «иштибоҳи бузург» тавсиф кард.

Давлати Амрико бо баҳонаи афзоиши фаъолиятҳои низомии Русия ва тақвияти қудрати дифоӣ ва размии Украина, эълом карда, ки кӯмаки 60 миллион долларӣ ба ин кишвар ироа медиҳад. Як мақоми аршади давлати Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки ин кӯмакҳо шомили сомонаҳои зиди мошини зиреҳии “Джавелин” ва дигар сомонаҳои дифоӣ ва размӣ хоҳад буд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, баъд аз илҳоқи шибҳи ҷазираи Кирима ба Русия дар соли 2014 ва вуқуъи даргириҳо дар минтақаи худмухтори “Донбас” дар шарқи Украина, ба бузургтарин таъминкунандаи таслеҳот ва таҷҳизоти низомӣ барои Киев табдил шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад