Ашраф Ғанӣ фикр мекард Амрико ҳаргиз Афғонистонро тарк намекунад

Намояндаи пешини Амрико дар умури Афғонистон гуфт: Ашраф Ғанӣ муҳосиботи иштибоҳ аз тавони нерӯҳои кишвараш дошт ва фикр мекард, ки Амрико ҳаргиз Афғонистонро тарк намекунад.

 

 

Ба гузориши хабарнигори сайти “Афғонистон”, “Залмӣ Халилзод”, намояндаи пешини Амрико дар умури Афғонистон гуфт: Ашраф Ғанӣ мехост дар қудрат бимонад; ҳангоми суқути Кобул аз гуруҳи Толибон трсида буд, аммо ба ҳар далеле мардуми Афғонистонро танҳо гузошт.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи “CNN” афзуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин натиҷа расида буд, ки мо пирӯзи ҷанг дар Афғонистон нестем.

Залмӣ Халилзод, изъон кард дар 7 соли гузашта гуруҳи Толибон пирӯзи ҷанг дар кишвар будаанд.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки ҷанги Афғонистон ба сӯрати тақрибӣ аз дид ҳар се раиси ҷумҳури ахири Амрико, ҷанги матлубе барои ин кишвар набуда аст.

Вай тасреҳ кард, ки «мушкили умда дар робита бо сулҳи Афғонистон фосилаи бисёри ҳукумат ва Толибон буд, ҳар чанд, ки баъд, ҳукумати Афғонистон низ вориди гуфтугӯҳои сулҳ шуд. Аммо раиси ҷумҳури Афғонистон фикр мекард, ки Амрико ҳаргиз Афғонистонро тарк намекунад.»

Ба бовари Залмӣ Халилзод, Ашраф Ғанӣ муҳосиботи иштибоҳ аз тавони нерӯҳои афғон дошт ва то охир низ исрор дошт, ки бар қудрат бимонад.

Халилзод, дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба гуфт, ки шояд ҳангоми суқути Кобул, Ашраф Ғанӣ, аз Толибон тарсида буд, вале ба ҳар далел, ки бошад ӯ мардумро танҳо гузошт.

Вай дар идома таъкид кард: «шояд теъдоде аз Толибон тағйир накарда бошад, вале теъдоде аз онҳо тағйир кардаанд, дар ҳоли ҳозир расонаҳо дар Афғонистон озод ҳастанд, ҳатто гӯяндагони зан низ дар шабакаҳои телевизиюнӣ дида мешаванд.»

Залмӣ Халилзод, пеш аз ин низ дар гуфтугғ бо дигар хабар гузориҳо, бо интиқод аз амалкарди заъифи нерӯҳои амниятии афғон, гуфта буд, Ашраф Ғанӣ, муътақид буд, ки бидуни ҳузури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, метавонад Толибонро аз тариқи низомӣ шикаст диҳад. Аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ ба дархостҳои Толибон барои истеъфои худ таваҷҷӯҳ накард.

Ба гуфтаи Халилзод, иштибоҳи муҳосиботии Ғанӣ ин буд, ки ӯ фикр намекарда, ки Амрико дар мавриди ақаб нишинӣ, ҷиддӣ аст ва ҳаргиз ақаб нишинӣ намекунад.

Намояндаи пешини Амрико дар умури Афғонистон таъкид кард, ки Толибон ба дунболи одисозӣ равобити худ бо Амрико буда ва аз Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд сафорати худро дар Кобул бозгушоӣ ва таҳрими молиро лағв кунад. Ҳамин тавр ба гуфтаи ӯ, гуруҳи Толибон, хостори кӯмакҳои иқтисодӣ ба Афғонистон ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад