Ҷомеъаи ҷаҳонӣ таъаҳҳудоташ дар қиболи Афғонистонро амалӣ кунад

Як мақоми аршади Толибон бо баёни инки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ҳарчи сареътар таъаҳҳудоташро дар қиболи Афғонистон амалӣ кунад гуфт, ки бо шурӯи фасли сармо ниёз ба кӯмакҳои башардӯстона дар ин кишвар бештар шуда аст.

 

Як мақоми аршади Толибон бо баёни инки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ҳарчи сареътар таъаҳҳудоташро дар қиболи Афғонистон амалӣ кунад гуфт, ки бо шурӯи фасли сармо ниёз ба кӯмакҳои башардӯстона дар ин кишвар бештар шуда аст.

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, “Суҳайл Шоҳин”, ки аз сӯи гуруҳи Толибон ба унвони намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ шуда  гуфт, ки бо фаро расидани зимистон, ниёз ба кӯмакҳои инсон дӯстона бештар шуда аст.

Суҳайл Шоҳин, дар ҳисоби Твитарии худ навишт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд бо ҳадафи амалӣ кардани таъаҳҳудаш барои кӯмаки як миллиард евра ба Афғонистон дар асраъи вақт вориди иқдом шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин кӯмак, ки дар иҷлоси гуруҳи 20 барои Афғонистон таъаҳҳуд шуда буд, бояд дар ихтиёри ниёзмандон ва хонаводаҳои овора қарор гирад.

Ин мақоми Толибон ҳамчунин гуфт, ки ин гуруҳ барои кӯмак расонӣ аз сӯи ниҳодҳои имдод расонӣ бо ниёзмандон дар Афғонистон, омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ аст.

Суҳайл Шоҳин афзуд, ки ин кӯмакҳо, ба масъӯлиятҳо барои ҷилавгирӣ аз буҳрони қаҳтӣ ва инсонӣ поён намедиҳад.

Вай аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост то барои иҷрои пружаҳои тавсеаӣ дар Афғонистон, ки соли гузашта дар нишасти Женева мутаъаҳҳид шуда буд, иқдоми амалӣ кунад.

Мақомҳои гуруҳи Толибон дар ҳоле дархост барои кӯмак расониро афзоиш додаанд, ки идораи ҳамоҳангии кӯмакҳои инсон дӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки Афғонистон дар ҳоли мубаддил шудан ба буҳронитарин кишвар дар ҷаҳон қарор дорад.

Раиси ин шуъба  гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3 миллион кӯдак дар кишвари Афғонистон бо сӯъи тағзия рубарӯ ҳастанд, ки ниёзи мубрам ва фаврӣ ба кӯмаки ғизоӣ доранд, ки бояд кишварҳои ҷаҳон ба фикри он бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад