Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон теъдоди хонаводаҳое, ки хӯрдани ғизоро кам кардаанд, афзоиш ёфтааст, аммо Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯии тасаллибахш ироа додааст.

Дар Тоҷикистон теъдоди хонаводаҳое, ки хӯрдани ғизоро кам кардаанд, афзоиш ёфтааст, аммо Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯии тасаллибахш ироа додааст.

Тибқи гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ “Камбағалӣ дар Тоҷикистон – 2021”, дар ҷумҳурӣ мизони каме аз коҳиши фақр пешбинӣ шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо соли 2019 0,1% пешбинӣ кардааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 шумораи камбизоатон дар ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон дар ин гузориш қайд мекунанд, ки дар нимаи дуюми соли 2020 рифоҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолии Тоҷикистон пас аз хуруҷи коронавирус коҳиш ёфт.

Ба гуфтаи гузоришгарон, 9,2 фоиз боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар баробари кам шудани даромади музди меҳнат боиси коҳиши амнияти озуқаворӣ гардид.

Ҳиссаи хонаводаҳое, ки дар бораи коҳиши хӯрдани ғизо гузориш додаанд, дар моҳи августи соли 2021 то 33% зиёд шуда, дар ҳоле ки дар моҳи август ин шохис ба 28% мерасид.

Илова бар ин дар моҳҳои январ-август бахше аз хонаводаҳое, ки даромади расмӣ аз музди меҳнат доранд, то 1% коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2 дарсад камтар аст.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, бо сабук шудани маҳдудиятҳо барои хуруҷ аз кишвар дар соли 2021 теъдоди бештари муҳоҷирони корӣ ба хориҷ рафтанд. Аз ин рӯ, ҳиссаи хонаводаҳое, ки маблағҳои интиқолӣ мегиранд, тадриҷан аз 11 то 16 фоиз афзуд.

Аз нигоҳи афзоиши воқеии ММД, он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8,7 фоиз афзуд.

Гуфта мешавад, ки соли 2020 дар чаҳорчӯби тарҳи маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ба 65 ҳазор оилаи камбизоат, ки кӯдакони то 3-сола доранд, ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ (2,8 миллион доллар) ҷуброни пулӣ дода шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши иқтисоди Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои тобистони соли 2021-ро нашр кард.

Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки касри буҷа дар соли 2021 дар Тоҷикистон то 2,6% ММД коҳиш хоҳад ёфт. Ин ташкилоти ҷаҳонии молӣ чунин баҳогузориро бар асоси додаҳои “Гузориш дар бораи иқтисодиёти Тоҷикистон, тобистон-2021: Иқтисод барқарор мешавад, мушкилот боқӣ мемонад” ироа кардааст.

Бар асоси ин санад, бузургтарин фишор ба буҷаи давлатии Тоҷикистон эҳтимол аз ҳисоби хароҷоти марбут ба коронавирус ва тарҳҳои рушди зербиноӣ, бахусус дар бахшҳои энержӣ ва ҳамлу нақл ворид шавад.

Гуфта мешавад, ки мавҷҳои нави пандемия харҷи минбаъдаи буҷаро барои дастгирии системаи тандурустӣ ва аҳолии осебпазир талаб мекунад.

Дар гузориши БҶ инчунин қайд мешавад, ки ҳукумати кишвар бояд хароҷотро барои беҳдошт ва безараргардонӣ афзоиш диҳад.

Ҳамин тариқ буҷа барои барномаҳои кӯмаки иҷтимоӣ низ бо дарназардошти талаботи зиёд метавонад аз сатҳи ҳозира ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки агар шумори камбизоатон афзоиш ёбад, пас шохисҳои вобаста ба таваррум ислоҳи болотари пардохтҳоро талаб мекунад.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад