Ҷабборов: ниёзе ба пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон надорем

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар мавриди мавзӯъи вогузории пойгоҳи низомӣ ба Амрико дар ин кишвар гуфт: мо дигар ниёзе ба пойгоҳи низомии Амрико надорем.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар конфронси матбуотӣ, ки дар иқоматгоҳи давлатӣ баргузор шуд, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо эъломи шохисҳои аслии иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар ба мавзӯъоте чун мубориза бо фасод, тавсеаи гардишгарӣ, мушкилоти марзӣ, имкони таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар кишвар, барнома резӣ барои сафарҳои расмӣ ба хориҷ аз кишвар ва интихоботи ояндаи маҷлиси олии шӯрои Қирғизистон пардохт.

Гуфтанӣ аст, ки “Садир Ҷабборов”, дар ин маросим, ҳамчунин ба саволоти мавриди алоқаи намояндагони расонаҳо посух медиҳад, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 150 расонаи дохилӣ ва хориҷӣ барои ин руйдод омода шуданд.

Раиси ҷумҳур дар бораи мубориза бо фасод дар кишвар чунин гуфт: мубориза бо фасод хостаи мардум аст, акнун мубориза бо фасод бидуни тавваҷҷуҳ ба инки, чи касе дар он машғул аст ва чи симате дорад, дар ҳоли анҷом аст.

Ба гуфтаи вай, дар тули як сол 854 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шуд ва мизони вуҷуҳи баргаштӣ аз мубориза бо фасод барои буҷети давлат, болиғ бар 7 миллиард ва 464 миллион “Сум” буда аст.

Ҷабборов, бо ишора ба барномаи тавсеаи гардишгарӣ дар кишвар, аз шаҳрвандони қирғизи хост, ки фориғ аз ҳар миллате аз гардишгарон тарс надошта бошанд.

Ёдовар мешавад, ки имсол дар тобистон ҳудуди 15 ҳазор хориҷӣ бо як парвози тронзити ворид Қирғизистон шуданд, ки бештари онҳо аз Ҳинд ва Покистон буданд. Шаҳрвандони қирғиз пас аз ба ҳукумат омадани Толибон, аз гардишгарони бо либоси миллии Афғонистон тарс доштанд.

Раиси ҷумҳур дар ин хусус бо баёни инки ҳар гардишгар даромаде барои кишвар меоварад, гуфт: бояд ба тавсеаи гардишгарӣ дар кишвар кӯмак кард, чаро ки ҳар гардишгар дар сармоягузорӣ кишвари мо саҳме дорад.

Ёдовар мешавад, ки ахиран раиси кабинаи вазирон хотирнишон кард, ки як миллиард “Сум”, барои тавсеаи гардишгарии кишвар ихтисос дода шуда аст.

Раиси ҷумҳур дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин ба аҳамияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ишора кард ва гуфт: Ҷумҳурии халқи Чин дар даврони ҳамагирӣ кӯмаки бузурге ба мо карда аст. Ман шахсан бо раиси ҷумҳури Чин ба сурати телефонӣ суҳбат кардам. Пас аз поёни ҳамагирӣ вируси корона, ман як сафари расмӣ ба Чин хоҳам дошт.

Ҷабборов дар заминаи интихоботи парлумонии оянда хотирнишон кард, ки ин бор системаи фурӯши рутбаҳои аввал дар листи аҳзоб лағв шуд ва гуфт: акнун намояндагоне ки эътимоди мардумро доранд ба парлумон меоянд. Пеш аз ин раҳбарони аҳзоб рутбаҳои аввали листро ҳудуди 100 ҳазор доллар мефурухтанд ва ин ба кулли системаи ҳизбӣ ва кулли маҷлис осеб ворид мекард.

Ҷабборов дар посух ба суолоти хабарнигорон дар бораи мушкилоти марзии Қирғизистон бо кишварҳои ҳамсоя чунин гуфт: мушкилоти марзҳо бо Тоҷикистон дар ҳоли ҳал шудан аст ва ин амр замон бар аст ва музокирот байни камиссиюни ду тараф бо гуфтугӯи мусолиматомез дар ҷараён аст.

Раиси ҷумҳур дар конфронси матбуотӣ дар посух ба суоле дар мавриди имкони истиқрори пойгоҳи низомии Амрико дар Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт: мо пойгоҳи русӣ дар “Кант” дорем, тавофуқ ба идомаи фаъолияти пойгоҳ бо Иёлоти Муттаҳида дар соли 2014 фасх шуд. Мо ниёзе ба пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар надорем. Як пойгоҳ барои мо кофӣ аст. Мо намехоҳем дар бозии ду қудрат бошем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад