Раҳбари бузургтарин картели маводи мухаддири дунё боздошт шуд

Ҳукумати Колумбия аз боздошти раҳбари пурқудрати картели маводи мухаддир дар ин кишвар ва инчунин бузургтарин содиркунандаи кокаин дар ҷаҳон хабар дод.

Ҳукумати Колумбия эълом дошт, ки таҳти таъқибтарин қочоқчии маводи мухаддир дар ин кишварро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Колумбия, Дарио Антонио Усуга, ки ӯро раҳбари бузургтарин картели маводи мухаддир ва бузургтарин содиркунандаи кокаин дар ҷаҳон меноманд, аз тавассути неруҳои амниятӣ дар шимоли ғарби Колумбия дастгир шудааст.

Дафтари президенти Колумбия неруҳои амниятиро бо ин муваффақият табрик гуфт.

Ӯ аз суи Амрико ҳам таҳти таъқиб буд ва барои боздошти вай 5 миллион доллар ҷоиза таъйин шуда буд.

Дар амалиёти боздошти ин қочоқчӣ, 500 сарбоз бо дастгирии 22 чархбол вориди як минтақаи ҷангалӣ шуданд ва як афсари пулис дар ин амалиёт кушта шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад