Марги 180 ҳазор кормандони тиб дар ҷаҳон дар давраи пандемия

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки 180 ҳазор корманди тиббӣ дар ҷаҳон ба сабаби гирифтор шудан ба коронавирус фавтиданд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт инчунин ҳушдор дод, ки бо идомаи паҳншавии вируси КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон, изтироб ва хастагии кормандони тиб бештар аз қабл афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 135 миллион нафар дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд ва шумораи фавтидагон аз ин бемоӣ метавонад мушкили ғайри қобили ҳалро ба вуҷуд орад.

Хуруҷи коронавирус дар саросари ҷаҳон ҳамчунон идома дорад. Ин беморӣ то ҳол дар дунё ҷони қариб ба 5 миллион нафарро гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад