Мунтазири тавзеҳи Анкара дар бораи ихроҷи сафири Амрико ҳастем

Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки мунтазири тавзеҳи Анкара дар бораи тасмимаш барои ихроҷи сафири ин кишвар аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабрӣ, вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе аз Анкара хост то дар бораи тасмимаш барои ихроҷи суфарои 10 кишвар аз ҷумла Амрико тавзеҳ диҳад.

Пештар “Девид Сасули”, раиси парлумони аврупо низ ба таҳдиди Раҷаб Тайиб Ардуғон дар бораи ихроҷи суфарои 10 кишвар аз Анкара вокуниш нишон дода ва дар паёме твитарӣ навишт: «ихроҷи 10 сафир нишонаи ҳаракати мустабидонаи давлат Туркия аст. Мо нахоҳем тарсид».

Раиси ҷумҳури Туркия шанбе эълом кард, ки суфарои 10 кишвар аз ҷумла Олмон ва Иёлоти Муттаҳида, ки хостори озодӣ “Усмон Кавала” шуда буданд, унсури номатлуб эълом хоҳанд шуд.

Вай бо ишора ба истилоҳе ки дар дипломатик ба кор меравад ва ба маънои аввалин қадам қабл аз ихроҷ аст, гуфт: ман ба вазири хориҷаи кишварамон дастур додем, ки ин 10 сафирро дар асраъи вақт ба унвони унсури номатлуб эълом кунад.

Вазорати умури хориҷаи Туркияи шомгоҳи душанбеи гузашта сафирони 10 кишварро ба далели баёнияи муштараки онҳо, ки хостори озодии Усмон Кавала тоҷири Туркияӣ зиндонӣ дар ин кишвар шуда буд эҳзор кард.

Се шанбе ҳафтаи пеш буд, ки сафоратхонахоҳои Амрико, Канада, Фаронса, Финланд, Дания, Олмон, Ҳоланд, Ниюзиланд, Норвегия ва Шветсария хостори озодӣ Кавала шуданд, ки ба далели нақши иддае дар эътирозоти соли 2013 ва тазоҳуротҳои баъдии он, чаҳор сол аст дар зиндон ба сар мебарад.

Ардуғон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «ман ба вазирони хориҷаи [ин кишварҳо] гуфтам, ки наме тавонам мизбонишонро бипазирам.»

Расонаҳои Туркия рӯзи якшанбе хабар доданд, ки вазорати хориҷаи ин кишвар талош карда то Раҷаб Тайиб Ардуғонро дар бораи адами ихроҷи суфарои 10 кишвари хориҷӣ мутақоъид кунад.

Хабаргузории Туркия “ANKA”, бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, ки Ардуғон рӯзи 21 октябр дастур содир кард, ки суфарои теъдоде аз кишварҳо «унсури номатлуб» шинохта шаванд. Масъулони вазорати хориҷаи Туркия пас аз он, талош карданд то Ардуғонро аз иттихози ин мавзеъ мунсариф кунанд, аммо талошҳои онҳо бо шикаст ҳамроҳ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад