Ҳушдори Юнон, Миср ва Кипр ба Туркия; иқдомоти таҳрикомезро мутаваққиф кун

Сарони Юнон, Миср ва Кипр аз Туркия хостанд иқдомоти якҷониба ва таҳдидомез, ки алайҳи сулҳу сабот дар шарқи медитирана астро мутаваққиф кунад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Юнон, Миср ва Кипр дар иҷлоси сарони худ дар шаҳир “Афина”, дар рӯзи се шанбе ба Туркия ҳушдор доданд, ки иқдомоти якҷониба дар шарқи Мидитаронаро мутаваққиф кунад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Greek Reporter”, “Кириакос Митсотакис”, нахусти вазири Юнон,”Абдулфаттоҳ Алссисӣ”, раиси ҷумҳури Миср ва “Никос Анастасиадес”, раиси ҷумҳури Кипр бар азми худ барои идомаи ҳамкорӣ дар мавзӯъоти мавриди алоқаи мутақобил, афзоиши сулҳ, амният ва сабот дар минтақаи васеътар таъкид карданд.

Баёнияи нуҳумин иҷлоси се ҷонибаи Юнон – Кипр – Миср, паёме ба Туркия медиҳад то аз иқдомоти якҷониба, таҳрикомез ва нақзи қавонини байналмилалӣ монанди озору азияти киштиҳои таҳқиқотии дорои муҷаввиз аз Юнон ё Кипр худдорӣ кунад. Дар ин баёния таъкид шуда аст, ки дар муҳити таҳоҷумӣ ё таҳти таҳдиди хушунат, наметавон гуфтугӯҳои созанда барқарор кард.

Сарони ин се кишвар ҳамчунин ҳаффории ғайриқонунии киштиҳои Туркия дар минтақаи иқтисодии Кипрро рад карданд. Онҳо ҳамчунин нақзи мудовими ҳарими ҳавои Юнон ва соири фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар манотиқе дар  қорраи Юнонро нақзи қавонини байналмилалӣ хонанд.

Кириакос Митсотакис, дар ин нишаст раиси ҷумҳури Мисрро дар ҷараёни иқдомоти таҳрикомези ахири Туркия қарор дод ва бар нақши бесаботкунандаи ин кишвар дар минтақаи васеътар таъкид кард. Вай ҳамчунин омодагии худро барои гуфтугӯ ба шарти риояти эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилал ва ҳаққи ҳокимияти Юнон ва дар айниҳол худдорӣ аз иқдомоти таҳрикомез такрор кард.

Ин дар ҳоле аст,  ки вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтаанд дар сурати идомаи иқдомоти таҳриккунандаи Туркия алайҳи Кипр, ин кишварро таҳрим кунанд. Дар нишасти рӯзи душанбе дар Люксембург, Иттиҳодияи Аврупо аз “Ҷозеф Боррел” раиси сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Аврупо хост, то бо тавваҷӯҳ ба иқдомоти як ҷонибаи Туркия дар шаҳри “Варшава”, пешниҳодҳое барои таҳрим алайҳи Туркия ироа диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат карданд, ки маҷмӯъа иқдомоте алаҳи иқдомҳои таҳриккунандаи Туркия, ки алайҳи Кипр анҷом шуд анҷом шавад.  Ҷозеф Боррел, низ дар хотимаи ин нишаст дар нишасти хабарӣ мудохилаи Туркия алайҳи тараддуди киштиҳои Аврупоиро ғайриқобили қабул тавсиф кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад