Бо Толибон иртибот дорем, аммо дунболи ба расмият шинохтани онҳо нестем

Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав ҳамонанди дигар кишварҳои дорои нуфӯз дар минтақа, тамос бо Толибонро ҳифз карда аст, аммо дар ҳоли баррасӣ ба расмият шинохтани онҳо нест.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар шароите ки беш аз ду моҳ аз тасаллути гуруҳи Толибон бар Афғонистон мегузарад, вазири хориҷаи Русия эълом кард, ки Маскав қасд надорад ба таври расмӣ гуруҳи Толибонро ба расмият бишносад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия имрӯз сешанбе дар ҷамъи теъдоде аз хабарнигорон дар Маскав дар бораи мавзеъи Русия дар қиболи таҳаввулоти Афғонистон ва гуруҳи Толибон изҳориназр кард.

Ба гузориши хабаргузории “ТАС”, ин мақоми аршади Маскав дар ҳошияи ҳаждаҳумин нишасти солиёнаи андешкадаи гуфтугӯи Волдой гуфт: «ба расмият шинохтани расмии (гуруҳи Толибон) мавриди баҳс қарор намегирад ва ин мавзӯъ, (қаблан) аланан эълом шуда аст».

Вазири хориҷаи Русия албатта таъкид кард, ки Маскав «шабиҳ ба дигар кишварҳои дорои нуфӯз дар минтақа», тамосҳо ва иртиботот бо толибонро ҳифз мекунад.

Сергей Лавров, ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки гуруҳи Толибон ба ваъдаҳои худ амал ва тадобиреро иттихоз хоҳанд кард то аз фарогир ва ҳама шумул будани давлати Афғонистон на танҳо аз назари қавмӣ балки аз назари сиёсӣ низ итминон ҳосил кунанд.

Изҳориназри ин мақоми аршади Маскав дар шароите матраҳ шуда аст, ки мақомҳои аршади гуруҳи Толибон тайи ҳафтаҳои ахир борҳои хостор ба расмият шинохта шудани ҳукмронии гуруҳи Толибон бар Афғонистон шудаанд.

Амрхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон дар мусоҳиба бо “Ройтерс”, дар ин бора гуфт: «дар баъзе манотиқ як шахс ва ё як хонавода дар кишварҳо ҳукмронӣ мекунад, ин ки онҳо ба расмият шинохта мешаванд ва ҳукумати ҷадиди исломии Афғонистон ба расмият шинохта намешавад, зулм ва бе инсофӣ дар ҳаққи мардуми Афғонистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад