Муовини нахуст вазири Толибон дар раъси ҳайате озими Узбекистон шуд

Ҳайате аз Толибон ба сарпарастии муовини нахуст вазири ин гуруҳ ба манзури гуфтугӯ бо мақомоти Узбекистон роҳӣ Тошканд шуд.

 

 

Ба гузориши хабарнигори сайти “Афғонистон”, як ҳайате аз гуруҳи Толибон ба раҳбарии “Абдусалом Ҳанафӣ”, муовини дувуми нахуст вазири Толибон озими Узбекистон шуд.

“Мавлавӣ Анъомуллоҳ Самангонӣ”, яке аз аъзои ин ҳайат ба расона ҳо гуфт, ки дар ин сафар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии ду ҷониба бо Узбекистон ва ҳам чунин масоили иқтисодӣ, амниятӣ ва дигар масоил минтақавӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Қарор аст ин ҳайат бо мақомоти баланд пояи Узбекистон аз ҷумла “Умар Заков”, муовини нахуст вазир дар шаҳри Тирмиз дар бораи мавзӯъоти дуҷониба, пружаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ гуфтугӯ намояд.

Аз сӯи дигар “Абдулқаҳҳори Балхӣ”, сухангӯи вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон гуфт, ки ҳайате ба сарпарастии Абдуссалом Ҳанафӣ, қарор аст дар иҷлоси Маскав ширкат карда ва бо намояндагони кишварҳои мухталиф дидор кунад.

Панҷшанбеи гузашта низ, ҳайате аз вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон ба манзури дидор бо мақомоти Туркия ва гуфтугӯ дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла беҳбуди равобит, тиҷорат, кӯмакҳои башар дӯстона ва масоили муҳоҷират, озими Анкара шуд .

“Мавлуд Човуш Уғлу”, вазири хориҷаи Туркия дар дидор бо “Амирхон Муттақӣ”, гуфт: «мо монанди бисёре аз кишварҳои Аврупо пеш шартҳоеро матраҳ намекунем; аммо ҳамеша мегӯем, ки ҳама чиз бояд дар Афғонистон ҳама шумул бошад.»

Вай тасреҳ кард: «мо аз ҷомеъаи байналмилалӣ мехоҳем, ки бо ҳукумати Толибон таъомул дошта бошанд, таъомул ба маънӣ ба расмият шинохтан нест.»

Дар ҳамин ҳол Русия эълом кард, ки дар оянда як ҳайат аз гуруҳи Толибон барои гуфтугӯ дар бораи авзоъи Афғонистон ба Маскав сафар мекунанд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин гуфтугӯҳо мушорикат дорад.

Ройзаниҳои Маскав дар бораи Афғонистон барои таърихи 20 октябр барнома резӣ шуда аст. Ройзанӣ дар қолаби Маскав дар соли 2017 бар асоси механизми ройзании 6 ҷонибаи намояндагони вижаи Русия, Афғонистон, Ҳинд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин ва Покистон шакл гирифт.

“Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи 20 октиябр эълом карда буд, ки дар интизори посухи Толибон ба даъвати Русия барои мушорикат дар нишасти Маскав аст.

Сафари мақомоти Толибон ба кишварҳои минтақа дар ҳоле сӯрат мегирад, ки токунун ҳеҷ кишваре давлати муваққат дар Афғонистонро ба расмият нашинохта аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад