Ҳамоиши эътирозии мухолифини тоҷик дар Вена ва Гаага

Мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Вена ва Гаага ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Гурӯҳе аз мухолифини тоҷик дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш рӯзи 14 октябр гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.

Ҳадаф аз ин ҳамоиши эътирозии мухолифини тоҷик изҳори норозигӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо ва истиқболи вай аз ҷониби раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Белгиву Фаронса гуфта мешавад.

Дар ин ҳамиоиш Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раҳбари департаменти равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон ва Фатҳиддин Усмонзода, намояндаи ПМТ дар Утриш ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.

Файзраҳмонов мегӯяд, мо бо ин эътирози худ сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупоро ба хотири сиёсатҳои зиддидемократӣ ва саркубгариҳояш нисбат ба озодандешон ва фаъолони сиёсӣ, маҳкум мекунем.

Ташкилкунандагони ин пикет дар охир номаи эътирозии худро ба дасти намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Утриш супориданд.

Ин чаҳорумин эътирози мухолифини тоҷик дар шҳарҳои гуногуни Аврупост. Дирӯз дар Варшава ва Гаага ва рӯзи сешанбе дар Вилнюс низ эътирозҳо роҳандозӣ шуда буданд.

Дар Гаага се фаъолу мухолифини тоҷик ҳам дар муқобили Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ ҷамъ шуда ва аз ин додгоҳ хостанд алайҳи Эмомалӣ Раҳмон парванда боз кунад.

Қайд карда мешавад, ки чанд рӯзи пеш ҳам кумитаи наҷоти гаравгонҳои сиёсӣ дар номаи худ ба парлумони Аврупо аз эътирозҳои худ ва анҷоми ҳамоишҳои эътирозӣ хабар дода буд, ки дар ҳошияи сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ барпо мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад