Тоҷикистону Қирғизистон 90 км аломатгузорӣ карданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давоми ду моҳ тақрибан 90 километр марзи байни ҳамро аломатгузорӣ кардаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давоми ду моҳ тақрибан 90 километр марзи байни ҳамро аломатгузорӣ кардаанд.

Тавре 24.kg хабар медиҳад, дар ҷаласаи парлумонии Жогорку Кенеш, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Камчибек Ташиев гуфта, ки тайи чанд моҳи охир 90 километр марзи Қирғизистону Тоҷикистон тавсиф шудааст.

Қамчибек Тошиев гуфтааст, «Ҳалли масъалаҳои сарҳад идома дорад. Дар охирин ҷаласа дар Исфара, комиссия боз 8,5 километр марзи дигарро тавсиф кард. Танҳо дар чанд моҳи охир бо Тоҷикистон тақрибан 90 километр масофа тавсиф шудааст. Ҳоло сарҳад баста аст. Кор оид ба муайян кардани хати он фаъолона идома дорад..

Ёдовар мешавем, ки дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва дар Тӯли солҳои охир бисёр даргириҳо ва хунрезиҳо байни ду кишвар ва сокинони лаби марзии онҳо рӯй додааст, ки бисёриҳо ҷон бохта ва осеб дидаанд ва фаровон хонаву кошонаи мардум нобуд шудааст.

Тавре, ки мақомоти тоҷик хабар медиҳад, бештари даргириҳо аз ҷониби Қирғизистон ва сокинони он рӯй медиҳад ва онҳо нуқтаи аввали оғози ҷангу даргириҳоро мегузоранд ва шаҳрвандони тоҷику бахши марзбонӣ ҳам барои дифоъ вориди даргирӣ мешавад. Аммо ногуфта намонад, ки ҷониби Қирғизистон ҳам Тоҷикистонро айбдор медонад.

Шояд ин нишастҳои марбут ба аломатгузорӣ дар марз битавонад роҳи ҳалле барои поёни даргириҳоии дуру дарози ду кишвар бошад, ки зарбаи асосии он ба сокинони ду кишвар мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад