Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия

Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии парлумон, Зокирзода дар мулоқот бо Човушоғлу изҳор дошт, ки ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистону Туркия аз қаъри таърих реша мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, раиси парлумони Тоҷикистон хостори талоши бештар барои таҳкими муносибатҳо шудаст.

Зокирзода изҳор доштааст: “Мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳтар кардани зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақаӣ ба роҳ монем”.

Ӯ зикр намудааст, ки феълан зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия ба имзо расида, лоиҳаи 30 санади дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Дар феҳрасти лоиҳаҳое, ки феълан мавриди баррасӣ қарор доранд, созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ном бурда шудааст.

Лоиҳаи созишномаи ҳукуматҳои Туркияву Тоҷикистон барои бекор кардани раводид аз санадҳои дигари баррасишавандаи миёни ҷонибҳо мебошад.

Дар мулоқот таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат, то ҳадди шарикии стратегӣ бо Туркия аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад