Нигаронии шадиди ҲНИТ аз вазъи саломатии  А. Давлат

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши баёнияе аз вазъи саломатии узви зиндонии Раёсати Олии ҳизб Абдуқаҳҳори Давлат изҳори нигаронии шадид намуда, эҳтимоли кадом тавтеъае дар ҳақи ӯро баъид намедонад. 

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши баёнияе аз вазъи саломатии узви зиндонии Раёсати Олии ҳизб Абдуқаҳҳори Давлат изҳори нигаронии шадид намуда, эҳтимоли кадом тавтеъае дар ҳақи ӯро баъид намедонад.

ҲНИТ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст аз вазъи саломатӣ ва шароити будубоши Абдуқаҳҳори Давлат тавассути расонаҳо гузориш диҳад. Ҳамчунин бо истифода аз дар Аврупо қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ғарбӣ хостат шудааст қазияи “Абдуқаҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва дигар зиндониёни сиёсиро ба Раҳмон гушзад намоянд”.

Матни баёнияи ҲНИТ ба шакли зер аст:

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз вазъияти саломатии узви зиндонии Раёсати Олии ҳизб Абдуқаҳҳори Давлат сахт нигарон буда, аз мақомот талаб мекунад, ки аз вазъи саломатии ӯ дар расонаҳо гузориш пешниҳод кунанд.

Баъд аз шикояти муовини зиндонии раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит, латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва вазъияти бади саломатии Раҳматуллои Раҷаб, хабари шиканҷаи Абдуқаҳори Давлат расонаӣ шуд, ки бисёр нигаронкунанда аст.

Ин хабар бори дигар маълумоти моро дар бораи эҳтимоли амалҳои ғайриқонунии мақомот дар зиндони нав тақвият намуда, боиси он гардид, ки ҷиддитар ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар муроҷиат намоем.

Ба хусус ин шабу рӯз Раҳмоне, ки 30 сол аст қудратро дар Тоҷикистон хонаводагӣ ва инҳисорӣ кардааст, дар Аврупо қарор дорад. Мо аз Парлумони Аврупо ва президенти Фаронса ҳамчун маҳди демократия ва пуштибони арзишҳои инсонӣ дархост менамоем, ки қазияи Абдуқаҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва дигар зиндониёни сиёсиро ба Раҳмон гушзад намоянд ва аз ӯ бихоҳанд, ки ба қарори кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар бораи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон амал намуда, онҳоро ҳарчӣ зудтар озод намояд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад