Корвони Амрико дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Манобеи ироқӣ гузориш доданд, ки як корвони ҳомили таҷҳизоти логистикӣ барои низомиёни Амрико дар ҷануби ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор гирифта аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ ва ба нақл аз канаали телеграмии “Собирин Нюз”, баъд аз зуҳри имрӯз (чаҳоршанбе), гузориш дод, ки як корвони логистикии артиши Амрико дар устони Басра (ҷануби Ироқ), ҳадафи ҳамла қарор гирифта аст.

Бар асоси ин гузориш, корвони мазкӯр дар наздикии гузаргоҳи марзии “Ҷаришон”, ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва ҳануз ҳеҷ гуруҳе масъӯлияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифта аст.

Пойгоҳи хабарии “Шафақ Нюз”, ба нақл аз як манбаи амниятӣ хабар дод, ки дар масири корвони ёдшуда бомб мунфаҷир шуда аст ва боиси хисороти фаровоне шуда.

Манбаи мазкӯр мегуяд, ки дар пайи ин инфиҷор, касе маҷрӯҳ нашуда аст.

Дар тӯли ҳафта ба теъдоди зиёде, маҳмулаҳои мавриди ниёзи нерӯҳои Амрико ва ҳамчунин таслеҳоти сабук аз тариқи мошинҳои борӣ ва ба воситаи ширкатҳои ироқӣ аз марзҳои мухталиф вориди ин кишвар мешавад.

Тайи моҳҳои ахир борҳо корвонҳои ҳомили таҷҳизоти логистикӣ барои низомиёни Амрикои мустақар дар пойгоҳҳои низомии мухталиф дар Ироқ ҳадафи инфиҷори бомбҳои канори ҷодаӣ қарор гирифтаанд.

Аз замони шаҳодати сардор Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, фармондаҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ва Абумаҳдбӣ Ал-Муҳандис, ноби раиси созмони Ҳашадушшаъбии Ироқ, корвонҳои логистикии эътилофи Амрико ба таври ҳафтагӣ ва гоҳе дар тӯли як рӯз чанд бор ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор мегиранд, аз ин рӯй артиши Амрико кори интиқоли таҷҳизотро ба ширкатҳои хусусии ироқӣ супурда аст. Гурӯҳҳои ироқӣ таъкид доранд, ки давлати Ироқ бо амал ба мусаввабаи парлумони ин кишвар, бояд нерӯҳои бегонаро аз Ироқ ихроҷ кунад.

Парлумони Ироқ, дар тайи моҳи соли 2019 дар пайи иқдоми ҷинояткоронаи Амрико дар террори ин фармондаҳони пирӯзӣ бар “ДИИШ”, тарҳи ихроҷи нерӯҳои бегона аз хоки ин кишварро тасвиб кард, аммо Амрико ҳамчунон бар ҳузури низомиёни худ дар хоки Ироқ исрор меварзанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад