Эмомалӣ Раҳмон озими Фаронса шуд

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар қораи Аврупо идома дорад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар қораи Аврупо идома дорад.

Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми боздидаш аз Белгия ва мулоқоташ бо мақомдорони ин кишвар, шоми 12 октябр озими Фаронса шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ аз Брюссел ба Фаронса рафт.

Дар миёни мақомдороне, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ зикр гардидаанд.

Сафари Раҳмон ба Фаронса аз 12 то 14 октябр идома хоҳад дошт. Интизор меравад, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоои фаронсавияш Эммануэл Макрон масоили гуногун, аз ҷумла вазъи Афғонистону амнияти минтақаро баррасӣ намояд.

Зимни ин сафар дар Порис Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин дар ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме” ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО иштирок хоҳад кард.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайат ба Брюссел, пойтахти Белгия сафар карда буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 октябр дар доираи як сафари корӣ ба Брюссел сафар карда буд.

Дафтари матбуоти Раисҷумҳур хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба ин кишвар сафар кард.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, роҳбари давлатро, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмонро, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, Президенти Тоҷикистонро Шарл Мишел, роҳбари Иттиҳоди Аврупо рӯзи 26 август, зимни як тамоси телефонӣ даъват намуда буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел, пойтахти Белгия, ки дар он қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо низ ҷойгир аст, сафари корӣ анҷом дод.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад