Таъкиди Тоҷикистон ва Узбекистон ба таҳкими дӯстӣ ва густариши муносибот

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон дар гуфтугӯи телефонӣ ба таҳкими дустӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамроҳии стратегӣ таъкид карданд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон зимни табрики солрӯзи таваллудаш, саломатӣ, рифоҳ ва муваффақиятро барои мардуми Тоҷикистон орзу кард.

Президенти Узбекистон дар ин гуфтугӯи телефон ба дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаҳои сохти давлатӣ ва тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисод ва ҳамчунин эътибори рӯзафзуни кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Мирзиёев ҳамчунин барои натоиҷи пурсамари раёсати тарафи тоҷик дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли равон ва барогузории муваффақиятомези нишасти ин сохтори чандҷониба дар Душанбе дар моҳи гузашта арзиши бисёр қоил шуд.

Руасои ҷумҳури бо ибрози ризояд ба равобити дар ҳоли таҳкими дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамроҳии роҳбурдӣ ва стратегӣ таъкид карданд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи иродаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба, равобити ду кишвар ба як марҳилаи ҷадиду беҳтар ворид шудааст.

Дар ҳамин бора тасреҳ шуд, ки равобиту табодули таҷриба байни ду кишвар тақвият шавад ва мубодилоти тиҷорӣ ва бозаргонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин таъкид шуд тарҳҳҳои муҳими таовунӣ дар заминаиҳои мошинсозӣ, энержӣ, электротенехника, маъданҳо ва кишоварзӣ иҷро мешавад ва илова бар ин, танзими тарҳҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои беҳдоштӣ ва омӯзишӣ ҳам идома дорад.

Президентҳои ду кишвар ба аҳамияти иҷрои комили қарордодҳо ва тавофуқҳои ба дастомада таъкид карданд ва дастури идомаи ҳамкориҳои наздик ва ҳамоҳанги дар чорчӯби фаъолияти комиссияҳои муштараки байни давлатиро доданд.

Руасои ҷумҳур дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар мавриди масоили рӯзи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҷумла вазъи Афғонистон ҳам табодули афкор караднд ва ҳамчунин барномаи дидор ва маросимҳо дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2020 дар сатҳи 500 миллион доллар қарор гирифтааст.

Узбекистон ҳамакнун 24 воҳид ширкат бо сармоягузории тоҷикон ва дар Тоҷикистон ҳам 9 ширкат бо сармоягузории узбекҳо фаъолият мекунанд.

Тоҷикистон истиқлолияти Узбекистонро дар таърихи 6-январи соли 1992 ба расмият шинохт ва дар 2-уми октябри соли 1992 равобити сиёсӣ барқарор кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад