Русия: Вазъият дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ором аст

Намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Русия эълон кард, ки вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон феълан ором аст.

Намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Русия эълон кард, ки вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон феълан ором аст.
Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ва мудири бахши дувуми Осиё дар Вазорати умури хориҷии Русия изҳорот дошт, ки дар ҳоли ҳозир ҳич таниш дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон вуҷуд надорад ва авзоъ ором аст.
Оқои Кобулов дар посухи суол, ки “Маскав вазъият дар марзҳои ва Тоҷикистон ва Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?”, гуфт: “Ҳеҷ танише дар марз вуҷуд надорад, суҳбатҳое аз ҳар ду тараф вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир ҳама чиз онҷо ором аст ва ман иттилоъ дар хусуси ин ки иттифоқе дар марз афтода ва ё ҳар гуна даргирӣ рух дода бошад, надорам”.
Ҳамлаҳои гурӯҳи “Толибон”* пас аз эълони қарори Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон шиддат ёфтанд. Рӯзи 15 август “Толибон”* бидуни ҷанг вориди Кобул шуд ва президент Ашраф Ғанӣ аз ин кишвар фирор кард. Рӯзи 6 сентябр “Толибон”* назорати тамоми қаламрави Афғонистонро ғасб ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон кард.

Русия ният дорад, мақомоти “Толибон”*-ро ба нишасти Маскав даъват кунад.
Мулоқоти мавсум ба “формати Маскав”, ки мавзуи марказияш барқарор кардани Афғонистон баъди сари қудрат омадани ҳукумати нав хоҳад буд, 20 октябр баргузор мешавад. Дар ин мулоқот иштироки намояндагони Русия, ИМА, Чин ва Покистон дар назар аст.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон иштироки мақомдорони “Толибон”* дар ин ҳамоишро низ тасдиқ кард.
Ӯ мушаххас нагуфт, кадом намояндаҳои “Толибон”* ба Маскав хоҳанд омад.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи “Толибон”* дар бораи нияташон барои тамос бо Маскав хабар дода буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, аъмоли мақомдорони феълии Афғонистон дар зери назорат ҳастанду гирифтани даъватнома ба Маскав аз рафторашон вобаста аст.

Чанди қабл вазири хориҷаи Русия гуфта буд, ки : Маскав тасмим надорад ки ҳамчун миёнарав дар музокирот байни Толибон ва дигар неруҳои сиёсӣ дар Афғонистон амал кунад.

Лавров илова кард, ки : “Тоҷикистон яке аз муттаҳидони Русия дар масъалаи муқовимат нақши асосӣ ва муҳиме дар Панҷшер ифо карда метавонад.”

Вазири хориҷаи Русия гуфт: “Дар дараи Панҷшер тоҷикони Афғонистон ҳастанд, бо намояндагии Толибон дар ҳоли музокира ҳастанд ва умедворам ин музокираҳо ба ёфтани роҳи ҳалле сабаб шавад ва идомадор бошад. Зеро таҳдид, ҷанг ва низоъ роҳи ҳал нест.”

Қайд карда мешавад, ки расонаи амрикоии Фойненшол Таймз бо истинод ба манобеи худ дар байни Толибон аз баргузории мулоқоти раёсатҷумҳурии ин гурӯҳ бо Аҳмад масъуд, фармондеҳи неруҳои муқовимати Панҷшер дар ояндаи наздик хабар додааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад