Муроҷиатнома ба муҳоҷирони тоҷик оиди тартиби ришу мӯйлабгузорӣ

Ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташвиқ карда мешавад, ки риши худро тарошанд ва аз театру осорхонаҳо дидан кунанд

Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар русия дар як муроҷиатнома аз муҳоҷирони тоҷик ва мҳуоҷирони меҳнатӣ хостааст, ки дар кишвари Русия бояд қоидаҳои ин кишварро риоя намуда ва нисбати худ ва ояндаи худ дурандеш бошанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират тавсияҳои муҳоҷирони кории тоҷикро дар қаламрави Федератсияи Русия паҳн кардааст.

Ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия тавсия дода мешавад, ки ба фарҳанги кишвари мизбон мутобиқ шаванд ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеаро риоя кунанд, то мардуми бумиро асабонӣ накунанд.

Дар муроҷиатнома ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъкид шудааст, ки “агар шумо мӯйлаб ва риш мондаед, тибқи қоидаҳои шариати Ислом, бояд ҳар рӯз онро покиза нигоҳ доред ва тарзе онро нигоҳубин намоед, ки атрофиён аз шумо тарс надошта бошанд”.

Ҳамчунин, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки танҳо дар ҷойҳое, ки барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, намоз гузоранд.

Дар хотир дошта бошед, ки шумо ба Русия ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ муваққатан бо мақсади дарёфти ҷойи кор ворид шудаед ва бояд тартиботи дохилии кишвари хориҷиро риоя намоед.

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ инчунин тавсия дода мешавад, ки дар вақти холии худ пас аз кор ба китобхонаҳо, театрҳо, осорхонаҳо ташриф оранд, фарҳанг, таърих, забони мардуми русро омӯзанд ва эҳтиром кунанд ва дар сурати имкон дар донишгоҳҳои Русия ғоибона таҳсил кунанд.

Ҳамчунин, ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия тавсия дода мешавад, ки дар ҷойҳои нодуруст аз тамокукашӣ ва нӯшидани машрубот худдорӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад