Ҷанг бо душмани исроилӣ мисли намоз фарз аст

Дабири кулли ҷабҳаи муқовимати Фаластин бар идомаи муқовимат таъкид карда гуфт, ҷанг бо душмани исроилӣ мисли намоз дар ҳар шароите фарз аст.

Зиёд Нухола, Дабири кулли ҷабҳаи муқовимати Фаластин гуфт, ки ин гуруҳ ба муқовимат то пирӯзӣ идома медиҳад.

Вай дар суханроии худ дар маросими 34-умин соргарди таъсиси ҷабҳаи муқовимати Фаластин гуфт: “мубориза бо саҳюнист ба мисли намоз дар ҳар шароите тиқби қоидаи шариъат фарз аст; зеро ё бояд зиндагии обурӯманд барои мардуми мо бошад ё инки ҳамеша бо хорӣ зиндагӣ кунем.”

Нухола таъкид кард, ки пирӯзиҳои ҷабҳаи муқовимат мардуми Фаластинро умедвор ба пирӯзӣ бар душмани ишғолгар кардааст.

Дабири кулли ҷабҳаи муқовимат афзуд, мо шуори озодӣ ва пирӯзӣ сар медиҳем зеро ба худ бовар дорем; мо қавитар, ҳушёртар аз гузашта шудаем ва барои фадокорӣ омодагии бештаре дорем.

Вай ҳаргуна созиш бо душмани яҳудиро номумкин дониста аз созиши кишварҳои арабӣ бо Исроил интиқод кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад