Размоиши муштарак байни Туркия ва Озарбойҷон

Туркия аз баргузории размоиши муштарак бо ҷумҳурии Озарбойҷон бо номи “бародарии хадшанопазир 2021” аз 5 то 8 октябр дар Нахҷавон хабар дод.

Пайнор Коро, афсари аршади идораи иртибототи вазорати дифои Туркия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Анқара бо ишора ба ҳамкориҳои низомии ин кишвар ва Озарбойҷон гуфт, ки размоиши муштарак бо унвони “бародарии хадшанопазири 2021” ба манзури афзоиши тавони ҳамкорӣ ва амалиёти муштарак миёни артишҳои ду кишвар шурӯъ шудааст.

Агарчи размоиши низомии Эрон дар шимолу ғарбии ин кишвар пас аз размоиши муштараки Туркия, Покистон ва Озарбойҷон анҷом шуда аммо мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷон нисбат ба ин иқдоми Теҳрон ибрози нигаронӣ карданд. Инак Туркия ва Озарбойҷон тасмим гирифтаанд, ки размоиши муштарак ва тамринҳо низомиро се рӯз пас аз размоиши низомии артиши Эрон иҷро кунанд.

Мақомҳои эронӣ дар рӯзҳои гузашта ва пас аз таниши ғайримунтазира миёни Теҳрон ва Боку, ба ”ҳузури бегонагон аз ҷумла Исроил дар минтақа” ишора карда ва гуфтаанд, ки ин мавзӯъ “ҷуз шайтанат ва тафриқа самаре надорад.”

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки талош барои тағйири геополотикаи минтақа ва марзҳоро таҳаммул нахоҳанд кард.

Интиқоди Озарбойҷон

Аз ҳамин рӯ Лайло Абдуллоева, сухангӯи вазорати хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон аз Эрон гила кард, ки чаро дар баробари “ишғоли беш аз 130 километр аз манотиқи марзии ин кишвар аз сӯи Арманистон” сукут карда буд.

Ӯ ҳамчунин бо ради ҳузури ҳаргуна нерӯи хориҷӣ дар марзи Озарбойҷон бо Эрон, тарҳи чунин иттиҳомотиро “беасос” донист.

Вокуниши раҳбари ҶИЭ

Бо вуҷуди ин Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ҳам, ки севуми октябр дар суханони умумӣ ба ихтилофоти миёни Эрон ва Озарбойҷон ишора карда буд, дар ҳисоби инстогаромиаш ҳам навишт: “Кишвари мо ва неруҳои мусаллаҳи мо бо ақлоният амал мекунанд. Дар ҳамаи масоил шева, шеваи ақлоният аст, иқтидори ҳамроҳ бо ақлоният ва дигарон ҳам хуб аст бо ақлоният амал бикунанд ва нагузоранд, ки ин минтақа дучори мушкилӣ бишавад.”

Ишон ҳамчунин навишт: “Артишҳои худи ин миллатҳои минтақа метавонанд ин минтақаро идора кунанд: Иҷоза надиҳед, ки дигарон ворид бишаванд.”

Сафари вазири хориҷаи Арманистон ба Эрон

Ҳамзамон бо ташдиди ихтилофот миёни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, ки бо анҷоми размоишҳои низомии мутааддид ҳамроҳ шудааст, Арарат Мизурён, вазири хориҷаи Арманистон имрӯз душанбе чаҳоруми октябр ба Теҳрон сафар кард то бо мақомҳои эронӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Сафари вазири хориҷаи Арманистон ба Теҳрон дар ин рӯзҳо агарчӣ ба гуфтаи сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон аз пеш барномарезӣ шуда будааст аммо аз он ҷо, ки ҳар ду кишвар ихтилофҳое бо ҷумҳурии Озарбойҷон доранд, муҳим арзёбӣ мешавад.

Арманистон як соли пеш аз ин ба далели ихтилоф бар сари минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон вориди ҷанг шуд, ки дар ниҳоят бахше аз манотиқ таҳти контроли арманищоро аз даст дод.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи якшанбе севуми октябр бо таъкид бар ин ки Ереван дар солҳои гузашта масоилашро бо Теҳрон ҳалу фасл карда, гуфта буд, ки “кишвараш ҳаргиз дар ҳеҷ тавтеае алайҳи Эрон ширкат накарда ва нахоҳад кард.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад