Амрико болотарин сатҳи қатл дар таърихи муосирашро сабт кард

Маркази миллии омори саломати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар гузориши расмӣ аз бештарин мизони афзоиши куштор дар ин кишвар тайи сад соли ахир, хабар дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “CNN”, тибқи гузориши марокизи кантрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Амрико, Иёлоти Муттаҳида ба тозагӣ болотарин афзоиши мизони қатлу кушторро дар таърихи муосираш сабт карда аст.

Додаҳои маркази миллии омори саломати Амрико, ки имрӯз чаҳоршанбе мунташир шуда аст, нишон медиҳад мизони қатл дар Иёлоти Муттаҳид, байни солҳои 2019 то 2020 дар ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфта аст. Ин болотарин афзоиши сабт шуда дар таърихи модерни ин кишвар маҳсуб мешавад ва аз тариқи додаҳои беҳдошти умумӣ, афзоишро дар қатлҳое ки токунун танҳо аз тариқи омори ҷиноӣ шиносоӣ мешуд, таъйид мекунад.

“Роберт Андерсон”, раиси бахши омори маргу мири маркази миллии омори саломати Амрико дар ин бора гуфт: ин болотарин мизони афзоиш тайи сад сол ахир аст.

Вай идома дод: танҳо афзоиши бештаре ки аз замони сабти ин додаҳо рух дода аст марбут ба солҳои 1904 то 1905 аст ва ин афзоиш ба эҳтимоли зиёд, ҳадди ақал то ҳадде, дар натиҷаи гузориши беҳтар буда аст. Мо иёлатҳоеро ба манотиқе ки ба унвони навоҳии сабти марг матраҳ мекунем, изофа кардаем, бинобар ин дар тӯли замони маргу мирро дар манотиқи бештаре муҳосиба кардаем. Мо то соли 1933 ҳамаи иёлатҳоро гузориш намекардем.

Тибқи гузориши маркази миллии омори саломати Амрико, омори қатл дар Иёлоти Муттаҳида аз 6 қатл дар ҳар 100 ҳазор нафар дар соли 2019 ба 7.8 қатл дар ҳар 100 ҳазор нафар дар соли 2020 афзоиш ёфта аст.

Роберт Андерсон, дар идома афзуд, ки ин омор нишон медиҳад, ки «мо мутмаиннан дар масири иштибоҳ ҳаракат мекунем».

Афзоиши омори қатлу куштор дар Амрико дар ҳоле хабарсоз шуда аст, ки рӯзона хабарҳои мутаъаддиде аз тирандозӣ бо силоҳи гарм ва куштор дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар дар садри ахбори расонаҳо мунташир мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад