Имзои 23 санади ҳамкорӣ байни Туркманистон ва Узбекистон

Дар сафари Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов ба Тошканд ва дидор бо раисҷумҳури Узбекистон 23 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Раисҷумҳури Туркманистон, ки дар раъси як ҳайати баландпоя ба Тошканд сафар кардаанд, бо раисҷумҳури Узбекистон мулоқот кард ва мақомоти ду кишвар 23 санади ҳамкорӣ имзо карданд. Пас аз анҷоми мулоқот ва гуфтушунидҳо маросими имзом санадҳои ҳамкорӣ баргузор шуд.

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистон бо нашри як баёнияи муштарак натиҷаҳои асосии нишаст ва ҷанбаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Узбекистону Туркманистонро шарҳ дода ва таъйин карднд.

Инчунин дар ҳузури Президентҳо созишнома дар бораи ташкил ва танзими минтақаҳои тиҷоратии сарҳадии Узбекистон ва Туркманистон, ки таъсиси марказҳои савдоро дар қаламрави ҳамсоя пешбинӣ мекунад, созишнома оид ба афзоиши тиҷорат ва рушди шарикии мутақобилан судманд байни корхонаҳо ва ширкатҳо, протоколи ташкили мубодилаи мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукӣ убур мекунанд, ба имзо расиданд.

Инчунин, созишномаи соддагардонии раводид барои намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва протокол дар бораи тағир додани созишномаи сафари мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар 19 ноябри соли 2004 ба имзо расид, ки албатта барои соҳибкорони ду кишвар шароити мусоид фароҳам меорад ва ба мустахкам намудани созишномаи байни давлатхо кумак мекунад. Дар ҷараёни мулоқот дар бораи вазъияти минтақа ва Толибону Афғонистон ҳам суҳбат шудааст.

Илова бар ин асноди муҳиме мабнӣ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои ҳамлу нақлӣ, ҷобаҷоии транзетӣ, фановариҳои сарфаҷӯии об ва ҳамчунин додгоҳ, ҳимояти иҷтимоӣ, омор, қарантин ва ҳифзи наботон ва донишу фарҳанг ба имзо расид.

Дар ҷараёни сафар дар маҷмӯъ 23 санади ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкории мутақобила байни Узбекистон ва Туркманистон ба имзо расид.

Мубодилоти тиҷорӣв ва бозаргонии Узбекистону Туркманистон дар соли 2020 дар сатҳи 527 миллион доллар қарор гирифтааст. Айни ҳол 160 ширкат бо сармояи сармоягузорони туркманӣ дар арсаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

Туркманистон истиқлолияти кишвари Узбекистонро дар таърихи 7 январи соли 1993 ба расмият шинохта ва дар ҳамин таърих равобити сиёсӣ байни ду кишвар барқарор шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад