Боздошти шавҳари 74-сола ба сабаби рафтори хушунатомез бо ҳамсар

Полис шавҳари 74-солаеро ба сабаби латукӯб кардани ҳамсари ҷавонаш боздошт кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки шавҳари 74-сола дар ниҳияи Рӯдакӣ ба сабаби рафтори хушунатомез бо ҳамсари худ айбдор шинохта шудааст.

Ба иттилои ВКД, дар пайи тафтишот маълум шудааст, ки шавҳари 74-сола рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:00 дар хонаи истиқоматиаш ҳамсараш, зани 37-соларо латукӯб намудааст.

Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон додааст, ки зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

ВКД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қаблан мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз мавориди ҷиноёти сангин дар доираи хонавода сурат мегиранд.

Мақомоти корҳои дохилӣ бо зикри муноқишаҳои фоҷиабори хонаводагӣ шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ дар оила даъват намудаанд.

Мутаассифона солҳост, ки дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ идома дошта ва занони ҷомеа бештар мавриди ин хушунат қарор мегиранд.

Ба назар мерасад барои чора кардани ин масъала илова бар иқдомоти мақомоти кишвар, лозим аст, ки руҳониёни кишвар ҳам иқдомоте анҷом диҳанд ва мақому манзилати хонавода ва арзиши онро аз нигоҳи дини Ислом барои мардону занони ҷомеаи худ ошкор созанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад