Узбекистон вориди гуфтугӯ ва музокирот бо Толибон шуд

Узбекистон чорумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Толибон вориди гуфтугӯ шудааст.

Ёдгорхоҷа Шодмонов, сафири Узбекистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати Толибон дидору музокирот кардааст.

Абдулқаҳҳори Балхӣ, сухангуи Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати Толибон дар сафҳаи Твиттераш навиштааст, ки мулоқоти Шодмонов ва Муттақӣ имрӯз 2 октябр дар Кобул доир шудааст.

Дипломати узбек дар ин дидор бо намояндаи Толибон равобити дуҷониба, тармими фурудгоҳи Мазори Шариф ва оғози парвозҳо аз Узбекистон ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем ин чорумин намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки расман бо ҳукумати Толибон мулоқот мекунанд.

Нахуст бо намояндаҳои Толибон ҳайати Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов бо даструи Содир Ҷабборов дидору мулоқот карданд.

Пас аз ҳайати Қирғизистон сафири Қазоқистон дар Кобул Алимхон Есенгелдиениз бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ дидор кард.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар шарҳи ин дидор ва музокироти тарафайн гуфт, дар мулоқот танҳо масоили марбут ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ва масоили тиҷорат баррасӣ шуд.

Гуфта шуд, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.

Хоҷа Овезов, сафири Туркманистон низ дар Афғонистон бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, бахусус сохтмони лӯлаи гази ТАПИ -ро баррасӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба Толибон мавқеи устувор дорад ва ҳоло вориди гуфтугӯ ва музокирот бо Толибон нашудааст.

Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад