Баррасии вазъи Афғонистон дар суҳбати Раҳмон бо Имрон Хон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Имрон Хон, сарвазири Покистон вазъи Афғонистон ва дурнамои онро баррасӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Имрон Хон, сарвазири Покистон вазъи Афғонистон ва дурнамои онро баррасӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки :

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон рӯзи 2 октябр бо ташаббуси ҷониби Покистон сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, ин суҳбати телефонӣ идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, Аз ҷумла ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд ва таваҷҷуҳи махсусро ба вазъ дар Афғонистон додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки :

“Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид”.

Раҳмон ва Имрон Хон мувофиқа кардаанд, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.

Ҷониби Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки ҷонибдори ташкили як давлати ҳамашумул дар Афғонистон бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон мебошад.

Нахуст вазири Покистон рӯзи шанбе дар суханоне бар лузуми ҳал ва фасли сиёсӣ ва аз роҳи гуфтугӯи буҳрони Афғонистон ба дур аз таниш офаринӣ ва дахолатҳои хориҷии дардисар офарин, таъкид кард.

Имрон Хон, дар гуфтугӯ бо як шабакаи русӣ тавзеҳ дод: «назари мо аз ҳамон ибтидо ин буд, ки Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, вале нигоҳи империалистии Амрико ва бе хабарии онҳо аз вазъияти Афғонистон боис шуд буҳрони инсонӣ дар ин кишвар ба вуҷуд ояд».

Вай дар идома афзуд: «чунон чи Иёлоти Муттаҳида захоири арзии Афғонистонро озод накунад, ин кишвар вориди ҳарҷу мараҷ мешавад, ки табиатан бузургтарин бозандаи он мардуми Афғонистон хоҳанд буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад