сохти мактаби муосир тавассути Фонди саудӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор, мактаби навбунёдро ифтитоҳ кард, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушди амалӣ сохта шудааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор, мактаби навбунёдро ифтитоҳ кард, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушди амалӣ сохта шудааст

Дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 мавриди истифода қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, мактаби мазкур, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ бунёд шудааст, аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.

Таъкид шудааст, ки дар мактаб барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин гардидааст.

Дар иттилоия омадааст, ки:

“Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд”.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки китобхонаи мактаби №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун буда, ин муассиса инчунин дорои толори маҷлисгоҳ, ошхона ва варзишгоҳи муосир мебошад.

Қадрдонии шаҳрдории Душанбе аз омӯзгорони пойтахт

Шаҳрдории Душанбе бархе устодонро, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кард

Маросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомдорони давлатӣ, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт баргузор шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дорад.

Манбаъ афзуд, бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба 79 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ супорида шуд.

дар иттилоия омадааст, ки :

“Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд”.

Таъкид шудааст, ки шаҳрдории Душанбе дар баробари эътибор ба баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, инчунин аз онҳо масъулияти баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро тақозо менамояд.

Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11 ҳазору 80 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 268 ҳазору 55 нафар хонанда машғул мебошанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад