Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар зиндон мавриди ҳамла қарор гирифт

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзноманигори зиндонии 70 сола, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ ва собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” дар зиндон шоми гузашта, 29 сентябр мавриди ҳамла қарор гирифта ва дар беморхонаи он бистарӣ шудааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзноманигори зиндонии 70 сола, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ ва собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” дар зиндон шоми гузашта, 29 сентябр мавриди ҳамла қарор гирифта ва дар беморхонаи он бистарӣ шудааст.

Тибқи иттилоъи манбаъ ҳамла қаблан тарҳрезӣ ва бо ҳадаф анҷом шудааст.

Ҳамлагар бо чойник ба сари Сайфуллозода зада ва пешонии ӯ хуншор гаштааст. Баъди ҷорӣ шудани хуни зиёд масъулини зиндон рӯзноманигори кӯҳансолро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд.

Собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” ҳангоми дар озодӣ қарор доштанаш ҳам ду маротиба мавриди ҳамла қарор ва бо шиддат латукӯб шуда буд.

Дар зиндон ҳам ӯ борҳо шиканҷа шуда ва дар асари он ба бемории дил гирифтор шудааст. Ҳамчунин қаблан пои ӯ бар асари шиканҷа варам карда, дурудароз табобат гирифта буд.

4 моҳ пеш қалби ӯро ҷарроҳӣ карда буданд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ 6 сол қабл бо иттиҳомоти сохта боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) бо баёнияе, ки рӯзи 9-уми сентябр нашр шуд аз ҳукумати Тоҷикистон хоста у буд, ки Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад. “Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷонаш дар хатар мебошад”.

ҲНИТ ин амалро шадидан маҳкум кард:

Изҳороти ҲНИТ дар бораи латукӯби Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон ба шакли зер аст:

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳамла ба собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷот, Ҳикматулло Сайфуллозода сахт нигарон буда, онро ҳамчун як амали аз пеш тарҳрезишуда медонад ва шадидан маҳкум мекунад.

Пештар Муҳаммадалии Ҳаит муовини зиндонии раиси ҲНИТ низ аз эҳтимоли чунин суиқасд ба худаш хабар дода буд. Аммо ба хотири дар ҳолати баста нигаҳдорӣ шуданаш аз вазъияти ӯ дигар иттилоъе дар даст нест.

Латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода нишон медиҳад, ки мақомот амалҳои тарҳрезишудаеро алайҳи аъзоёни зиндонии ҲНИТ роҳандозӣ кардаанд.

Тибқи баъзе маълумотҳо вазъияти саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб ҳам хуб нест ва аз сабаби набудани духтур дар зиндон худаш маҷбур шудааст дандонҳои худро канад. Ин кор боис шудааст, ки ҷои дандонҳо ба хотири набуди васоили беҳдоштӣ чирку зардоб гирифта, саломатии ӯро дучори хатари ҷиддӣ намояд.

Бинобарин ҲНИТ аз мақомот талаб мекунад, ки:

— ҳамла ба Ҳ. Сайфуллозода ҳарчи зудтар баррасӣ шавад ва аз вазъияти ӯ ва Раҳматуллои Раҷаб ҳарчӣ зудтар аз тариқи расонаҳо шарҳ дода шавад

— амнияти ҷонии тамоми зиндониёни сиёсӣ бидуни истисно таъмин карда шавад

— дарҳои зиндонҳо ба руи созмонҳои байналмилалӣ ба хусус Cалиби Cурхи ҷаҳонӣ боз карда шаванд

— зиндонҳо бо васоили алока, ки ҳаққи ҳар шаҳрванд мебошад, таъмин карда шаванд ва ба зиндониён иҷозати тамос бо берун ба хусус бо расонаҳо дода шавад

Ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи башар, созмонҳои зидди шиканҷа, созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи рузноманигорон ва дигар ташкилотҳо дархост мекунем, ки ба ин қазия дахолат намуда, ҳукумати Тоҷикистонро водор ба риояи ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ намоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад