Русия Тоҷикистон ва Афғонистонро ба мусолиҳа даъват кард

Русия мегӯяд, аз хабарҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон нигарон ҳастанд

Русия мегӯяд, аз хабарҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон нигарон ҳастанд

Маскав аз Тоҷикистон ва Афғонистон даъват намудааст, ки имконоти мутақобили ҳалли вазъро ҷустуҷӯ кунанд, изҳор дошт Алексей Зайтсев, муовини мудири Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.

“Мо бо нигаронӣ афзоиши танишҳо дар равобити Афғонистон ва Тоҷикистонро дар пасманзари изҳороти сахти мутақобилаи раҳбарони ду кишвар мушоҳида мекунем”, – афзудааст ӯ.

Вай афзуд, Маскав аз хабарҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст.

“Мо аз Душанбе ва Кобул даъват мекунем, ки имконоти барои ҳар ду ҷониб қобили қабулро барои ҳалли вазъи кунунӣ ҷустуҷӯ кунанд”, – тавзеҳ додаастнамояндаи ВУХ Русия.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш се намояндаи ҷунбиши “Толибон”*, ки ба ҳукумати нави Афғонистон тааллуқ доранд, Тоҷикистонро шадидан танқид карданд.

Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ҳукумати “Толибон”* – ро ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф накарда, онҳоро ба ваъдахилофӣ муттаҳам кард.

Президенти Тоҷикистон гуфта буд, “Толибон” * бояд ҳукумати фарогир таъсис диҳанд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки Маскав бо кадом шарт бо ҳукумати нав дар Афғонистон мушкил нахоҳад дошт.

Лавров ба хабарнигорон гуфт: “Маскав мехоҳем раванди ташкили ҳукуматро, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро инъикос мекунад, дастгирӣ кунем, аз ҷумла Толибон ва дигар қавмҳо – на танҳо пуштунҳо: аз ҷумлаи онҳо ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва тоҷикон ҳастанд. Танҳо чунин як ҳукумати фарогир метавонад гузариши устувор ба зиндагии навро таъмин кунад”.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки кишвараш нияти дахолат дар умури дохилии Афғонистон ва ё мушорикати низомӣ дар даргириҳои он кишварро надорад.

Путин ин матлабро рӯзи сешанбеи 24-уми август дар мулоқот бо масъулини ҳизби ҳокими Русия баён карда буд.

Ӯ гуфта буд, ки “ба таври мушаххас, мо дар умури дохилии Афғонистон нияти дахолатро надорем ва ҳатто намехоҳем, ки нерӯҳои мусаллаҳи худро дар як даргирӣ бикашонем, ки ҳама дар баробари ҳама меҷанганд. Ин ҳамон чизе аст, ки бовар дорам, ки дар онҷо барои даҳсолаҳо ҷараён дорад. Иттиҳоди Шӯравии пешин таҷрибаҳои худашро барои ҳузур дар он кишвар дошт ва мо дарсҳои лозимро аз он гирифтаем”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад