Истирдоди 500 нафар аз Русия ба Узбекистон

Дар давоми се соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия тақрибан 500 нафарро, ки дар ин кишвар таҳти пайгард буданд, ба Узбекистон истирдод карданд.

Дар давоми се соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия тақрибан 500 нафарро, ки дар ин кишвар таҳти пайгард буданд, ба Узбекистон истирдод карданд.

Додситони кулли Узбекистон Неъматуллоҳ Юлдошев гуфт:

«Дар се соли охир ба мақомоти Русия беш аз 60 дархост дар бораи кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ,  инчунин тақрибан 670 дархост дар бораи истирдоди афроде, ки барои содир кардани ҷиноятҳо дар Ӯзбакистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, фиристода шуд. Дар натиҷа тақрибан 500 нафар  чунин шахсон ба Узбекистон истирдод шуданд.»  Русия ҳам  ба Узбакистон тақрибан 200 дархост фиристодааст.

Додситонии кулли Узбекистон тасмим гирифтааст, ки таҷрибаи Русияро дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ омӯзад ва роҳандозӣ  кунад.

Юлдошев  дар ин маврид гуфтааст:

«Расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, муайян кардани фирориён ва таъмини ногузирии ҷазо ба баланд шудани самаранокии мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат мекунад. Дар ин робита мо Узбекистон манфиатдорем, ки таҷрибаи Русияро омӯзем.»

Миёни Русия ва Узбекистон барномаи ҳамкории мақомоти танзимкунандаи ду кишвар ба имзо расид. Ҷониби Русия гуфтааст, ки ин ҳуҷҷат «ҳадафи баланд бардоштани самаранокии талошҳои муштарак дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дорад».

Чанд руз қабл Игор Краснов, додситони кулли Русия бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон омада буд.

“Додситони кулли Русия рӯзҳои 29-30-юми сентябр ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафар дошт”.

Гуфта мешавад, 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон Краснов бо сафари корӣ аз Тошканд боздид кард. Дар ҷараёни сафар додситони кулл бо ҳамтои ӯзбекаш Неъматулло Юлдошев дидору гуфтугӯ кард.

Игор Краснов, аз Тошканд ба Тоҷикистон рафт ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ва амчунин бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон низ   дидору мулоқот дошт.

Узбекистон чанди қабл 29 шаҳрванди худро ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт карда буд.

Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Узбекистон сабаби боздошти 29 зан ифротгароӣ ва таблиғи Ҳизбуттаҳрир будааст.

Ин занон дар чорчӯби амалиёти вижа барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҷиноии аъзои созмони муттаҳам ба ифротгароӣ ва мамнӯи Ҳизбуттаҳрир боздошт шудаанд.

Ин занон дар ноҳияҳои мухталифи Узбекистон аз ҷумла:  Шайхони Таҳур, Учтаппа, Олмозор, Сирғули ва Якксарои шаҳри Тошкенд ва ҳамчунин дар ноҳияи Занги Ота, Тошкенд, Киброи устони Тошкенд иқомат мекунанд.

Онҳо  дидгоҳи Ҳизбуттаҳрирро дар байни мардум таблиғ карданд ва барои узвият дар ин созмон даъват мекарданд.

Намояндагони Вазорати кишвари Узбекистон изҳор доштанд, ки дар маконҳои иқомати занони ёдшуда ва дар ҳофизаи телефонҳои мобилияшон мӯҳтавоҳои ифротгароӣ кашф шудааст.

Узбекистон ҳамеша бо чолишҳои ифротгароӣ ҳамроҳ будааст ва чанде пеш ҳам 14 шаҳрванди ин кишвар ба сабаби талошашон барои пайвастан ба созмонҳои террористӣ боздошт шуда буданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад