Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ Ҷабҳаи муқовимат

Як расонаи ғарбӣ дар гузорише менависад, ки нерӯҳои Муқовимати миллии Афғонистон аз Тоҷикистон ба унвони як пойгоҳи низомӣ истифода мекунанд.

Як расонаи ғарбӣ дар гузорише менависад, ки нерӯҳои Муқовимати миллии Афғонистон аз Тоҷикистон ба унвони як пойгоҳи низомӣ истифода мекунанд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Financial Times”, ҳамакнун Тоҷикистон барои нерӯҳои Муқовимати миллии Панҷшер ва раҳбарони он аҳамияти пойгоҳи низомиро дорад.

Ба навиштаи ин нашрия, Аҳмад Масъуд, раҳбари нерӯҳои муқовимати вилояти Панҷшер, Амруллоҳ Солеҳ, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ худро раисҷумҳур хондааст ва Латифи Пидром, раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон дар Душанбе, маркази Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол Латифи Пидром эълон кард, ки давоми як моҳи оянда муқовимат дар баробари “Толибон”-ро роҳандозӣ хоҳад кард.

Раҳбари кунгураи миллӣ дар посух ба изҳороти бархе аз мансабдорони ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар хориҷа гуфтааст: “Ин эъломия марбут ба чанд унсури фосид ва хоини режими фошистии Ғанӣ буд, ки бешармона ҳанӯз ҳам иддаои машруият доранд ва ҳеҷ гуноҳе ва ҷинояте ирқи шарму нанге бар пешонии таслимашон ҷорӣ намекунад”.

Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, ки муқовимат ҳанӯз тавассути афғонистониҳои сарватманд таъмин мешавад, аммо умедвор аст, ки аз Русия ҳам ҳимоят шавад.

Ба навиштаи рӯзнома, интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари ояндааш ба Маскав бо президенти Русия Владимир Путин дар бораи муқовимати Афғонистон гуфтугӯ кунанд.

Теъдоде аз раҳбарони сиёсӣ ва мансабдорони афғонистонӣ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирорӣ ахиран дар як изҳороти муштарак эълом карданд, ки ҳукумат корҳояшро берун аз Афғонистон идома хоҳад дод.

Қаблан дар хабарҳо омада буд, ки :

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки эҳтимолан дар Тоҷикистон ҳузур дорад мегӯяд, ҳеч гоҳ ҷангро бар касе таҳмил накардаанду дарро ҳамеша барои музокирот боз гузоштаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як изҳорот аз қавли роҳбари ҷабҳаро нашр карда буд, ки Аҳмад Масъуд изҳор доштааст:

“Мо ба ҳеч кас унвон ҷангро ба касе таҳмил накардаем ва ҳамеша дари музокираро боз гузоштаем. Ин тасмими дигарон буд, ки ҷангро бар мо таҳмил карданд. Пеш баён мекардем, ки ин гуруҳ ҳеч боваре ба ҳуқуқи инсон, хусусан зан ва озодӣ надорад”.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан ҳам таъкид шуд, ки Толибон як гуруҳи тамомиятхоҳ аст ва дақиқан баъди қудратгирияш ҳам чунин шуд. Масъуд таъкид кардааст, ки муборизаашон барои арзишҳосст, ки даҳсолаҳо мардуму миллат барои он қурбониҳо додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад