Садама дар Рӯдакӣ; як нафар кушта ва 8 нафар маҷрӯҳ шуданд

Дар пайи бархӯрди ду автомошин дар ноҳияи Рӯдакӣ, як нафар кушта ва 8 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бар асоси гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, нима шаби 30 сентябр дар роҳи мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, садама соати 03:29 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар ҳоле сар зад, ки ду мошин, яке “Старекс” ва дигаре “КАМАЗ” ба ҳам бархӯрданд.

Автомашинаи “Старекс” бо 8 мусофир аз шаҳри Ваҳдат самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада ба автомашинаи “КАМАЗ” бархӯрд.

Манбаъ аз қавли шоҳидони ҳодиса менависад, ки маҳз ноӯҳдабароии ронандаи “Старекс” сабабгори сар задани ин ҳодисаи нохуш гардид.

Зимнан, наҷотбахшон ва кормандони БДА аз дохили мошини “Старекс” 9 мусофирро берун оварданд, ки аз миёни онҳо як мусофири 57-сола, сокини ноҳияи Ёвон ҷон бохта буд.

Боқимонда ҷароҳатбардоштагон ба бемористони Истиқлоли пойтахт интиқол ёфтанд.

Манбаъ меафзояд, феълан аз рӯи ҳодисаи рух дода тафтишот идома дорад.

Садамаи даҳшатноки нақлиётӣ бо 3 кушта ва 4 маҷрӯҳ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад