Рӯнамоӣ аз китоби “Ҳамосаи Панҷшер” дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон китоби маҷмӯаи шеърҳои “Ҳамосаи Панҷшер” нашр ва рӯнамоӣ карда шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, китоби маҷмӯаи шеърҳои “Ҳамосаи Панҷшер” дар Тоҷикистон нашр ва рӯнамоӣ карда шуд.

Нашри Адиб, вобаста ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин маҷмӯаро ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер нашр кардааст.

Ин китоби “Ҳамосаи Панҷшер ном дорад ва шомили маҷмӯаи шеърҳои мухталифи шоирони форсизмбон аст ва рӯи ҷилди он тасвире аз Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва писараш Аҳмади Масъуд омадааст.

Ин маҷмӯа бо ташаббуси Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, шоир ва рӯзноманигор таҳия шуда ва тавассути Беҳрӯзи Забеҳулло танзим гардидааст.

Вилояти Панҷшер як вилоят дар шимоли шарқии Афғонистон аст, ки аксаран аз қавми тоҷик ва ақалияти қавми ҳазора ҳастанд ва ба забони форсӣ сӯҳбат мекунанд ва мусалмони ҳанафимазҳаб мебошанд ва пас аз ишғоли Афғонистон тавассути Толибон, ин вилояти танҳо вилояте аст, ки хориҷ аз контроли гуруҳи Толибон мебошад ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ташкил кардааст ва дар муқобили Толибон истиодагӣ мекунад.

Бо вуҷуди даргириҳоии бисёр зиёд байни Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон ба роҳбарии Аҳмади Масъуд ва гуруҳи Толибон, ин вилоят ҳануз суқут накардааст ва ба муқовимат идома додааст ва дар ин байн мардумро ҳам ба хизешҳо ва муқовимат даъват кардааст.

Китоби Ҳамосаи Панҷшер дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер навишта шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад