Сафари додситони кулли Русия ба Тоҷикистон

Игор Краснов, додситони кулли Русия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоядИгор Краснов, додситони кулли Русия тасмим дорад, рӯзи 30-юми сентябр аз Тоҷикистон дидан кунад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

Игор Краснов, додситони кулли Русия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоядИгор Краснов, додситони кулли Русия тасмим дорад, рӯзи 30-юми сентябр аз Тоҷикистон дидан кунад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

“Додситони кулли Русия рӯзҳои 29-30-юми сентябр ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафар мекунад”,- иттилоъ додааст сомонаи расмии Додситонии кулли Русия.

Гуфта мешавад, 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон Краснов бо сафари корӣ аз Тошканд боздид мекунад. Дар ҷараёни сафар додситони кулл бо ҳамтои ӯзбекаш Неъматулло Юлдошев дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Қарор аст, аз Тошканд Игор Краснов ба Тоҷикистон равад ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кунад.

Ҳамчунин назар аст, ки Краснов дар зимни сафараш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон низ дидору гуфтугӯ кунад.

Чанди қабл 20 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расад.

Имзои зиёда аз 20 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар дар назар аст, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин дар маросими маҷозии санги асос гузоштан ба оғози сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода иштирок кардаанд.

Президентҳои Тоҷикистону Русия дар дидорҳои гузаштаи худ як қатор санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва дар дидори ахир ҳам хабарҳо ҳикоят аз он дошт, ки санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва қарор аст арсаҳои нави муносиботи дуҷониба байни ду кишвар шакл бигирад.

Бо таваҷҷӯҳ ба вахим шудани шароити марзии Тоҷикистон ва шароити бади вазъи Афғонистон ба назар мерасад, ки дар 20 санади ҳамкорӣ гоми ҷадид барои амнияти марзии кишвар дар назар гирифта шудааст, зеро Русия яке аз муҳимтарин шарикҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меояд.

Дар нишасти СҲШ қарор буд Раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон биёяд аммо

Ба далели афзоиши гирифторони коронавирус миёни атрофиёни Президенти Русия ӯ тасмим гирифт, ки ба худинзивоъ равад.

Кремл хабар дода буд, ки : Пас аз расонаӣ шудани хабари ба қарантин рафтани Путин ӯ ба ҳамтои тоҷики худ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бинобар хабари манбаъ, Владимир Путин дар зимни суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД бевосита иштирок карда наметавонад ва танҳо аз тариқи онлайн ба кори ин саммит пайваст мешавад.

Президенти Русия сабаби ба Тоҷикистон наомадани худро ба афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифтории атрофиёнаш ба бемории коронавирус рабт дода буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад