Ироқ дар пайи хариди сомонаи дифои мушакӣ “S- 300” аст

Раиси кумитаи дифоъ ва амнияти маҷлиси Ироқ гуфт, ки мақомҳои ироқӣ бо сафар ба Русия қасди хариди сомонаи дифои ҳавоӣ мушакӣ "S- 300"-ро доранд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти маҷлиси Ироқ рӯзи се шанбе гуфт, ки мақомҳои ироқӣ қасд доранд бо Русия қарордоди ирсоли сомонаи дифои мушакӣ “S- 300”-ро имзо кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “ТАС”, “Муҳаммадризо Ҳайдар”, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти маҷлиси Ироқ дар ин замина гуфт: «ҳайати ироқӣ ба сарпарастии фармондеҳи падофанди ҳавоӣ аз Русия дидан карданд ва дар онҷо музокиротеро барои дастёбӣ ба сомонаи “S- 300” сӯрат гирифт. Бо ин ҳол ҳануз тавофуқе дар ин бора сӯрат нагирифта аст.»

Вай хотирнишон кард, ки Бағдод дар ҳоли ҳозир барои таҷҳизи як типи зиреҳӣ бо Маскав қарордод дорад. Ба гуфтаи ин мақоми аршади ироқӣ, низомиёни ироқӣ таҷрибаи зиёде дар истифода аз силоҳҳои русӣ, ба вижа танкҳо ва мошинҳои зиреҳӣ доранд.

“S- 300”, як сомонаи мушакии сатҳ ба ҳавои дур бурд бо қобилияти истифода дар тамомии иртифоъҳост. Ин мӯшак дар ибтидо барои раҳгирии ҳавопаймоҳо ва мӯшакҳои Круз сохта шуда ва баъдҳо тавонои раҳгирии мӯшакҳои болистик низ ба он афзӯда шуд. Аз ҷадидтарин моделҳои ин сомона ме тавон ба сомонаи “S- 300 PMY” ишора кард, ки яке аз пешрафтатарин мӯшакҳои замин ба ҳавост ва тавонои онро дорад то аҳдофии воқеъи дар иртифоъи ҳаддиаксар 27 километриро мунҳадим созад. Ин сомона тавонои пайгирии ҳамзамон 100 ҳадаф ва даргирии ҳамзамон бо 12 ҳадафро дорад. Замони омодасозӣ он ҳудӯди панҷ дақиқа аст.

Вазири дифои Ироқ чанде қабл гуфт, ки Бағдод ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, болгардҳои размӣ ва сомонаҳои мутаҳаррики сохти Туркия харидорӣ мекунад. “Ҷумъа Саъдун” вазири дифо Ироқ гуфт, ки ин кишвар қасд дорад паҳподҳои «байрақдор», 12 болгарди “T- 129” ва шаш сомонаи ҷангии электроникии сайёри “Coral” аз Туркия харидорӣ кунад.

Ироқ дар ҳоле қасди хариди таҷҳизоти ҷангӣ аз Туркия дорад, ки соли гузашта бештари ҳавопаймоҳои “F – 16” худро ба далели таъмир ва нигаҳдории заъиф замингир кард, ки иллати он ақабнишинии хадамаи “Локҳид Мартини” Амрико аз ироаи хадамот буд. Таҳқиқоти анҷом шуда нишон дод, ки ба далели мушкилоти нигаҳдорӣ, халабонони ироқӣ қодир ба сабти кофии соати парвоз нестанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад