Таъйини раиси Донишгоҳи Кобул

олибон раиси Донишгоҳи Кобулро таъйин кард

Толибон, Муҳаммадашраф Ғайратро ба симати раиси Донишгоҳи Кобул мансуб кард.

Ғайрат фориғуттаҳсили Донишгоҳи Пактико аст ва раёсати Донишгоҳи Кобул нахустин масъулияти ӯ аст.

Муҳаммадашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон таҷрибаи раёсати ин донишгоҳро дорад.

Бо тасаллути Толибон бар Афғонистон садҳо устоди Донишгоҳи Кобул кишварро тарк кардаанд.

PS: Толибон Муҳаммадашраф Ғайратро ба ҳайси мудири донишгоҳи Кобул қарор додааст, ки усули аввалия эҳтиром гузоштанд ба дигарон махсусан ба бузургтаронро надорад ва ин сурат нишонаи кибру ғуруғ ва ақидаи ин ҷавони нопухтааст. Агар мудири як донишгоҳ ин нигоҳро дошта бошад маълум нест, ки аз он донишгоҳ чӣ шахсоне фориғтаҳсил мешаванд ва ба фарзандони миллати муборизи Афғонистон чӣ таълиму тарбият медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад